
Мусаллам аст,ки имрӯз тараққиёти техникаву технологияи нав рӯз то рӯз бештар ба чашм мерасад ва шабакаҳои Интернет як воситаи ниҳоят муҳими ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҷаҳони муосир мубориза байни марказҳои гуногун, ки асосан хусусияти иттилоотӣ доранд, маҳз тавассути Интернет бештару бештар амалӣ мешаванд. Интернет дастрасии осону соддаро ба шабакаҳои иҷтимоӣ таъмин намуда, дар он сензура ва назорат аз болои истифодабарандагон вуҷуд надорад ва аксарият рӯзномаву маҷалаҳо ва шабакаҳои итилоотӣ Интернетро ҳамчун манбаи муҳими гирифтан ва паҳн кардани итилоот истифода менамоянд. Интернетро минбари озод мегӯянд, ки воқеан, он озод аст. Аммо, бо мурури замон муносибат ба шабакаҳои Интернет тағйир ёфта, инсон, алалхусус ҷавонон онро ба таври дигар истифода мебаранд. Хуллас, бештари мардум онро на баҳри сайқал додани ҷаҳонбинию донишашон, балки барои танқид кардани ҳамдигару суханҳои беасосро дар байни ҷомеа паҳн кардан истифода мебаранд ва ниҳоят Интернет минбари дашному ҳақорат ва нафрат табдил ёфта, яке аз сабаби пайдо шудани низоъҳои дохилӣ ва беруна мегарданд.

Баробари ин, гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва террористӣ ба воситаи шабакаи Интернет мақсадҳою вазифаҳои гуногуни худро ҳаллу фасл менамоянд. Муҳақиқон қайд менамоянд, ки Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ имконияти зиёд шудани миқдори амалҳои террористиро афзоиш медиҳанд. Инчунин шабакаи Интернет мутамарказияти гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ террористиро мустаҳкам карда, зудҳаракатии гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва террористӣ фаъол мегардонад. Гуфтан мумкин аст, ки ифротгарои динӣ – ифротӣ ва террористӣ афзалияту имконияти Интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро эҳсос кардаанд ва онро ба фоидаи мақсадҳои ғаразноку ғайриқонуниашон самаранок истифода мебаранд. Оқибат он имруз яке аз манбаи паҳншавии фаҳшу таҷовуз, ақидаҳои ифротию террористӣ гаштааст. Интернет воситаи муҳими алоқаи байни гуруҳои террористӣ буда, дар фаъолияти ҳаррӯза ва дар тайёрии амалҳои террористӣ аз Интернет фаъолона истифода мебаранд. Аз ин лиҳоз, мубориза бо торномаҳои экстремистӣ яке аз самтҳои муҳими пешгири ва мубориза бо паҳншавии экстремизму терроризм мебошад.Хуллас, фазои интернет майдони муғризон нест!

Бо дарназардошти ин гуфтаҳо ва ҳамзамон бо мақсади решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб зарурият пеш омадааст, ки ҳамаи муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии ватанӣ дар самти омӯзиши сабабҳои ҷалби ҷавонон ба сафи ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ, таҳқиқи методҳои нави муқовимат ба идеологияи ифротгароии динӣ, мониторинги фазо ва авзоъи сиёсӣ, пешниҳоди роҳу усулҳои илман асоснок фаъолияти густурдаро ба роҳ мондан тақозои замон аст. Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки тамоми кӯшишу ғайрат ва инчунин ҷидду ҷаҳди асосии ҷомеаи башарӣ ва давлат, хусусан ниҳодҳои илмӣ ва доираҳои коршиносон бояд ба эҷоди тарзҳои нав ва ҳамзамон самарабахши пешгирӣ аз хатарҳои терроризм ва ифротгароии динӣ, муқовимат бар алайҳи он нигаронида шуда бошад.
К.Калонов,
устоди ДИС ДДТТ
