БАДХОҲОНИ ДУРУҒБОФИ ИҒВОПЕША

                                              

Мо зимни мақолаҳои хеш оид ба амнияти иттилоотӣ андешаронӣ намуда, қайд карданием, ки имрӯзҳо созмонҳои террористиву экстремистӣ ҷиҳати амали намудани ҳадафи ғаразнокашон, дар фазои иттилоотӣ дар Интернет паҳншаванда, аз қабили Facebook, Instagram, VKontakte, Twitter, Tumbler, Telegram, Youtube фаъолияташонро ба роҳ мондаанд. Дар робита ба ин, мисол меорем, ки дар давоми соли ҷорӣ як қатор гуруҳаки бадхоҳону хоинони ифротӣ, амиқтараш яке аз пайрави фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин дар канали YouTube -и “Isloh. tv”, дар барномаи бо номи “Минбари муҳоҷир”, шогирдаш Абдухалил Восиев дар барномаи “Дурахши ҳақ” ва дигаре Ҳусейн Ашуров, узви фаъоли ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24» дар барномаи “Ҳақ ва ботил”бо маслиҳати пешакӣ бо навбат баромадҳои ифротӣ менамоянд.

                                     

Кори ин гуруҳаки бадхоҳи ифротӣ доимо иғвоандозию дуруғбофӣ аст. Зимни баромадҳо бо василаи пахшу нашр кардани маводи ғаразнок миёни ҷомеаи тоҷик нуфуз пайдо кардан мехоҳад ва худро мубаллиғи озодию истиқлол ва пуштибони мардум вонамуд мекунад ва умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд. Таърих гувоҳ аст, ки иғвогарии М.Садриддину шогирдонаш, думравонаш, умуман ҳаммаслакони паймони худсохтаи наҳзат ва “Гуруҳи 24” дар саҳнаи сиёсӣ, ба ҳар як фарди Тоҷикистони аён аст, то ки ин нақшаи шикастхурдаи худро бори дигар ба сомон расонад. Ба М.Садриддин ва шогирдону думравонаш гуфтанием, ки дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳуввияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тўли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардўстона хидмат кардааст. Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки бар зидди чунин душманони миллати тоҷик мубориза кардем.
Дар фароварди андешаи хеш хулосабарорӣ намудатаъкидан қайд менамоем, ки мо ҳамавақт баромадҳои М.Садриддину шогирдонаш ва думравонашро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки ин бадхоҳони дуруғбофи иғвопеша дар шабакаҳои иљтимоӣ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд!

А. ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *