ГУРУҲҲОИ ИФРОТГАРО ХАЛАДОРИ АМНИЯТИ ДАВЛАТ.

Дар ҳар давру замон гурўҳҳои ифротгаро шуруъ аз босмачиён то ТЭТ ҲНИ амнияти бархе аз давлатҳоро хеле дар ташвиш мондаанд. Аз ҳамин ҷиҳат, нигоҳ доштани амнияти давлат ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои зиндагии орому осудаи мардум амният яке аз масоили аввалиндараља ба ҳисоб меравад. Шукр аз он дорем, ки имрӯз давлати мо тинҷу осудааст. Вале, мутаассифона, ҳоло дар кишвари мо низ гурўҳҳое таъсис ёфтаанд, ки мехоҳанд бо истифода аз номи ислом ва берун аз маҳаки он ба амнияти давлат тафриқа андозанд. Яке аз чунин гурўҳҳо Ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати ислом (ТЭТ ҲНИ) буда, аз давраи аввали Истиқлолият то имрӯз, новобаста аз ҳукмфармоии ваҳдати миллӣ мехоҳанд, бо роҳи ғайриқонунӣ соҳиби давлат шаванд.
Имрӯзҳо ҳама дарк кардаанд, ки сабабгори аслии тамоми бадбахтиҳо ва корҳои нанговари зиёд ҳамин гуруҳҳои ифротгаро мебошад. Дар сари ҳамин гуна гуруҳҳои ифротгаро шахсияти хиёнакори миллат Муҳиддин Кабирӣ буда, кӯшиш менамояд, ки ҷавононро гумроҳ намуда, бо супориши ҳољагони хориљиаш барои амалӣ намудани маќсади нопок, яъне ба сӯи ҷангу хунрезӣ равона мекунад. Маҳз бо ташаббуси ҳамин гуна шахсиятҳои дурӯя ва хиёнаткори ҷомеа баъзе давлатҳо майдони ҷангу хунрезӣ гардидааст. Аз ин лиҳоз, гуруҳҳои ифротгаро ба монанди гуруҳи 24 ва ТЭТ ҲНИ мехоҳанд, дар кишвари мо ҷанги дубора авҷ гириад ва намонядагонаш ба ҳадафҳои нопок ва наговари худ бирасанд. Ин гуруҳҳо имрӯз берун аз кишвар бо дастури хоҷагонашон кӯшиш доранд бо ҳар ҳар гуна ҳиллаву найранг ва ҳадафҳоинопоки худ Тоҷикистонро бадном созанд. Дар асл метавон гуфт, ки ин гуруҳҳо мехоҳанд барои мардумро ба дину ҳуруфотпарастӣ талқин намоянд. Маълум аст, ки дар ин замон ба мафкураи пасти динӣ наметавон пеш рафт ва ба муваффақият расид. Аммо як гуруҳҳои беилму ҳуруфотзада, ки таљљубовар он аст, ки ҷуз аз суханони хоҷагони худ ба ҳеҷ ҷиз боварӣ надоранд.
Дар парљоми андешаи хеш бояд таъкидан ибороз кард, ки ҳадафи асосии мо пеш аз ҳама он аст, ки ҷавонон худогоҳ бошанд, бештар ба мутолиа шуғл варзанд, аз суботи давлат ва муносибати давлатӣ огоҳии том дошта, роҷеъ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо маълумот дошта бошанд. Ҷавонони зиёд имрӯз ба тарғиботҳои гуногуни гуруҳҳои ифротӣ бовар намуда, ба онҳо шомил шуда истодаанд. Бо ин кирдори худ зарбаи сахт на танҳо ба ватани хеш, балки ба оила, падару модар ва наздиконашон мерасонанд.
Аз ҷавонон даъват ба амал меорем, ки огоҳ бошанд, ба давлати худ, модари худ, ватани хеш ва сарвати он хиёнат накунанд, ки гуноҳи азимро дар назди давлат ва Худованд мегиранд. Амнияти давлати азизамон дар дасти ҳар як фарди бонангу номуси миллат, эҳтиёткунандаи марзу буми кишвар буда, ба рушди босуботи давлатамон саҳмгузор бошем.

 

Сармуаллими кафедраи математекаи
олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ М.Ахмедов

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *