Мо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мақолаи Абдуллоҳи Раҳнамо, коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалиро таҳти унвони «Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?», ки вобаста ба моҳият ва асосҳои ҳуқуқии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон бо далелҳои раднопазир шарҳ додааст, ошно гардидем ва онро мақбулу ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, андешаи хешро иброз менамоем.
Воқеан, ҳақиқати таърихӣ он чӣ дар таърих рӯх додааст, рӯйи об аст, ки аз ҷониби коршинос Абдуллоҳи Раҳнамо бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва умуман, масоили баҳси марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон аз рӯи ростӣ, воқеият ва дурустӣ бо далели раднашаванда мавриди таҳлили амиқ қарор дода шудааст. Бинобар ин, бояд ҳар як сокини кишвар, хоса аҳли идораву мафкура онро дақиқ бидонад ва хулосабарорӣ намуда, дар ташаккули мавқеи худ дар ин мавзӯъ асос қарор диҳад.
Боиси тазаккур аст, ки тибқи ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади байни ин ду кишвар, имрӯз ҳудуди 211000 гектар замини қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр ё истифодабарии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад. Мувофиқи ҳамин санадҳои расмӣ ин заминҳо, ки ҳамчун «қитъаҳои баҳсӣ» ёдоварӣ мешаванд, ҳоло 84 000 га замин дар мавзеи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, асосан аз ҳисоби Ҷамоати деҳоти Хистеварз , 56 000 гектар замин дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ, асосан минтақаи ҷангалзори Андарак ва 61 000 гектар замин аз ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва Ворухи дар ҳудуди шаҳри Исфара. Инчунин баъзе қитъаҳои нисбатан хурди дигар дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва ғайраро дар бар мегиранд. Ин заминҳо, ки қаламравии қонунии Тоҷикистон ҳастанд, дар тӯли ҳудуди навади соли охир бо роҳу воситаҳои гуногун, ки шарҳаш меояд, ба ихтиёри Қирғизистон гузашта, ҳоло амалан аз тарафи ин кишвар идора ва истифода мешаванд. Ҷузъи ҳудуди Тоҷикистон будани ин заминҳо дар замони шӯравӣ низ маълум буд.
Воқеан таҳлилҳо собит менамоянд, ки Тоҷикистон дар музокироти марзӣ маҳз ба «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва соли 1932» такя мекунад. Таърих гувоҳ аст, ки дар тамоми давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ва пас аз истиқлоли давлатии кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, яъне аз соли 1932 то имрӯз ягон ҳуҷҷати дигари муайянкунандаи сарҳади давлатии байни ин ду давлат ба тариқи расмиёти муқарраршуда дар сатҳи байниҷумҳуриявӣ ва сатҳи давлатии ИҶШС қабул нашудааст. Баробари ин, санади дигаре, ки метавонад ҳамчун далели тақвиятдиҳандаи дурустии ин масъала пеш оварда шавад, Қарори Шӯрои комиссарҳои халқии (совнарком) Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1947 дар бораи тасдиқи сарҳадҳо байни Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аст, ки дар харита ва таснифоти он низ Ворух дар муҳосираи ҳудуди Қирғизистон набуда, ҳамчун замини пайваста ҷузъи ҳудуди Тоҷикистон нишон дода шудааст.
Таъкидан қайд кард зарур аст, ки халқи қирғизи ҳамсоя бодарназардошти маълумотҳои овардашудаи коршинос Абдуллоҳи Раҳнамо, бояд ақлу хиради башардӯстонаи хешро пеша карда, ба хотир орад ва шукр кунад, ки таърих гувоҳномаи соҳиби марзи зиёди тоҷикманзил будани ӯст. Халқи қирғиз ҳиссаи халқи тоҷикро дар таълиму тарбияи ҳамаи ҷабҳаҳои иҷтимоии насли пешинаашон бо эҳтироми хос ёдоварӣ намоянд. Ва дар ин асос ҳурмату иззати ҳамсоягиро риоя намоянд. Ғайр аз ин аз роҳу оби худододе, ки чӣ аз марзи ҳамсоя ва чӣ аз марзи худ тай намуда, нӯшида, ба якдигар шукрона намуда, бо дуои хайрхоҳонаи дӯст ба манзилу макон расидан савоби бепоёнро худованд ҷудо менамояд.
Дар фарҷоми андешаи хеш, бояд қайд кард, ки Тоҷикистон ҳамеша роҳи сулҳро пеша кардааст ва дар ҳолатҳои зарурӣ ҷавобан ба муноқишаҳои ҷониби ҳамсоя рафтор менамояд. Аз ин рӯ, раҳбарияти ҳамсоякишвар бояд хулосаи зарурӣ бароварда, минбаъд аҳдшиканӣ накарда, санадҳои имзогардидаро бо пуррагӣ эътирофу иҷро намояд, ки он ба манфиати кор аст!
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ