Ҷабҳаи хиёнаткоронаи ТТЭ ҲНИ

Аслан ТТЭ ҲНИ аз замони таъсис ва пайдошавиаш дар саҳна ва фазои сиёсии кишвар чун ҳизби моҷароҷў, тақрибкор, ниқорталаб, фитнаангез, ҷудоиандоз, ҳизби мансабталошону вакилшавандагон, ҳизби бегонапарастон, маҳалгароёну миллатгароён ва дур аз манфиатҳо ва арзишҳои миллии мо «шўхрат» пайдо намуд.
ҲНИ аз замоне ки таъсис ёфт ва ба фаъолият шурўъ намуд, ба ҷузъ ташкил намоишу майдоннишинӣ, моҷароҷўӣ, ниқорталабӣ, қонуншиканӣ, фишороварӣ, таҳдиду зўроварӣ дигар кори хайру савобе накардааст. Оқибати майдоннишинӣ, қонуншиканӣ, муқовимати сиёсӣ ба чи овард, ҳама медонанд. Вале муассисону сарварон, аъзои ин ҳизб, фаъолони он таърихро зуд фаромўш намуда, худро мусичаи бегуноҳ, ҳатто «ҷабрдида», «бечораву» «оҷиз» мешуморанд.
Солҳои тӯлонӣ сарварони ин ҳизб ба ҷойи ватандӯстию миллатпарастӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Точикистон таассубро талқин карда, барои «ҷиҳоду шаҳодат» кор мебурданд, супоришҳои хоҷаҳои хориҷии худро иҷро мекарданд.
Як решаи дигари хиёнаткориҳои роҳбарияти ТТЭ ҲНИ дар он аст, ки онҳо ҷавонони роҳгумзадаи тоҷикро гӯё барои таҳсил ба таълимгоҳҳои кишварҳои исломии хориҷа мефиристоданд ва аксарияти онҳо имрӯз дар сафи гурӯҳу ташкилотҳои террористии Ироқу Сурия, Афғонистону Покистон мебошанд.
Ин ҳизби ноком, ки худро зери ниқоби дини мубини ислом гирифта, бо сўистифода аз номи Худованд мехоҳад ба ҳокимият ноил гардад, аммо дар таҷриба исбот гардид, ки ҷомеаи Тоҷикистон аксарият мусулмон буда, ба ин ҳизб ниёз надорад ва мардум дигар ба ваъдаю дасисаҳои он бовар надоранд.

Назаров П.А.
ассистенти кафедраи математикаи
олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *