Генерали мардумӣ чӣ мегӯяд?!

Авзои сиёсии ҷаҳон ҳар як шахси ватандӯсту ватанпарварро водор бар он менамояд, ки дар бораи воқеаҳои гузашта дуруст фикр кунад ва ба онҳо баҳои воқеӣ диҳад. Солҳои навадуми асри гузашта дар кишвар чӣ ҳодиса ва фоҷиае рух дод, бисёриҳо медонанд. Ҷанги шаҳрвандии бародаркуш. Бо гузашти чандин даҳсолаҳо парда аз он воқеаҳои мудҳиш бардошта шуд ва аз забони собиқ генерали мардумӣ Эшони Қиёмиддини Ғозӣ дар филми “Решаҳои ноаён” сабабҳои асосии даст ба амалҳои зишт задан ва мардумро ба майдонҳо даъват намудани саркардаҳои мухолифин тавзеҳ дода шудааст.

Мо хуб медонем, ки то кунун доғи ҷанги хонумонсӯз аз дилҳои мардум нарафтааст. Ва аксаран саркардаҳои ин ҷанги бемаъниро лаънат мехонанд. Давлат ва Ҳукумати кишвар ба хотири сулҳу салоҳ аз гуноҳи размандагон гузашт, вале маҳз ҳамон нафароне, ки таҳти ғамхории доимии давлат қарор доштанд, ба қавле аз пушт ханҷар заданӣ мешаванд.

То замоне, ки Ҳоҷи Ҳалим Назарзода силоҳ ба дасту алайҳи давлат сар набардошт, то замоне, ки Саид Қиёмиддини Ғозӣ чеҳраи аслии ҳизби наҳзатро кушода надод, аксаран гумон мекарданд, ки ин ҳизб мардумро ба роҳи рост, дину диёнат, покизагиву хушрафтор даъват месозад. Аммо тавре Саид Қиёмиддин Ғозӣ дар филми «Решаҳои ноаён» иброз доштааст, мақсади ниҳоии ҳизби наҳзат ва саркардаҳои он хиёнат ба Ватан аст. Онҳо барои ҳифзу манфиатҳои худ омода ҳастанд, ки дину мазҳаб ва хоки муқаддаси худро фурӯшанд. Қабирӣ дар яке аз мусоҳибаҳояш будани аъзо ва пайравонашро дар майдони «Шаҳидон» рад мекунад, аммо Саид Қиёмиддин Ғозӣ мегӯяд, ки ба сифати таблиғгари фаъоли ҲНИ дар ин майдон ҳамроҳи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ мардумро бар зидди давлат мешӯронд. Ӯ дар идомаи суханаш эътироф кардааст, ки  тӯли чандин солҳои охир маҳз бо дастгирии хоҷагони эронии худ барои таблиғи ҷараёни шиапарастӣ ва  дар ояндаи наздик ба даст овардани ҳокимият дар кишвар бо муҳоҷирони меҳнатӣ сӯҳбатҳо анҷом додааст ва ба сифати раиси ин ҳизб дар Федератсияи Русия кору фаъолият бурдааст. Номбурда бори дигар эътироф кардааст, ки пас аз шикасти ҲНИ дар интихоботи соли 2015 аз рӯи нақшаи қаблан тарҳрезишуда бо ҳоҷи Ҳалим Назарзода ҳамкориро вусъат бахшида, барои шӯриш заминаи мусоид фароҳам овард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *