ҲНИ ҲИЗБИ ТЕРРОРИСТӢ ЭЪТИРОФ ГАРДИД!

 

Мушоҳидаву таҳлилҳо  аз гузашти марҳилаҳо ва ба вуҷуд омадани воқеаву руйдоди нав дар кишвар ва хориҷии дуру наздик нишон медиҳад, ки ташкилоти террористӣ – экстримистии Ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) ба таври комил дастпарвардаву дастнишондодаи хоҷагони хориҷӣ буда, ҳадафи ягонаи он шикасти тафаккури миллии мардуми кишвар, барҳам задани Истиқлолияти сиесӣ ва ба таври комил гирифтори афкори мазҳабиву ғайримиллӣ намудани мардуми фарҳангсолору шарафманди тоҷик мебошад. Тасдиқи ин гуфтаҳоро бори дигар аз ҷониби яке аз давлати абрдқудрати ҷаҳони имрӯза-Федератсияи Россияро мисол овардан бамаврид аст,ки санаи 14 сентябри соли равон ҲНИ-ро ба руйхати ташкилоти террористию экстремистӣ ворид карда шуд.

Пушида нест, ки солҳои охир ҳаммаслакону думравони ТТЭ ҲНИ бо пуштибонӣ ва  супориши хоҷагони хориҷиашон дар қаламрави Русия  даст ба ҷиноят задаанд.Чунончӣ, моҳи майи соли 2021 панҷ нафар ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордоштаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ба бинои ситоди мақомоти қудратии яке аз шаҳри Русия ҳуҷум намуданд ва оқибат гумроҳшудагон дастгир шуда, аз 9 то 19 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Инчунин, 3 декабри соли 2021 дар шаҳри Москва 8 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон нисбати соҳибкорони Федератсияи Россия амали мусаллаҳона намуданд. Дар натиҷа, тибқи қарори Суди шаҳри Москва ҷавонони гумроҳшуда аз 8,5 то 16 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Баробари ин бояд қайд кард,ки ягона роҳ барои фаъолияти ТТЭ ҲНИ ва думравонаш дар хориҷи кишвар дунёи маҷозии интернет боқӣ мемонад, ки аз ин имконият муфт истифода бурда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодаанд. Дар робита ба ин, мо қаблан борҳо зимни  суҳбатҳои ҳамешагиамон даъват ба амал оварда будем ва боз такроран таъкид менамоем, ба ҳарфҳои пучу бемағзи хоинони бурунмарзӣ, ки худро мутеъ ва лаганбардори мисли худашон беимонон кардаанд, бовар накунед. Воқеан, мардуми кишварамон як маротиба рӯзҳои сахт, азобу шиканҷаҳо, сарсонию саргардонӣ ва ғаму андӯҳҳои зиёдеро аз сар гузарониданд. Имрӯз то чӣ андоза муҳим будани сулҳу салоҳ ва хотирҷамъиро дарк карданд, муйро аз хамир ва бадию хубиро ба зудӣ аз ҳам ҷудо карда метавонанд.  Моро лозим аст, ки сирати зишту нопоки саркардагони ТТЭ ҲНИ-ро  ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, ба хусус ба ҷавонон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз  макру дасисаҳои навбатии душманони  миллат огоҳ созем.

А.ВАЛИЕВ , ассистенти

кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *