Ифротгароӣ, ки бо истилоҳи байналхалқии экстремизм маъруф аст, якҷоя бо терроризм аз қиболи зуҳуроти номатлубест, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст.
Айни замон дар кишварҳои мухталиф даҳҳо гурӯҳҳои террористию экстремистӣ амал мекунанд, ки бо тахрибкориҳояшон боиси бадбахтии миллионҳо нафар одамон гаштаанд. Ин зотҳои нопок барои ноил шудан ба мақсаду ниятҳои палидона ва касифонаи хеш аз ҳеҷ гуна қабоҳат ва ҷаҳолат рӯ наметобанд, ҳатто ба тифлакон ва занону пирони барҷомонда ҳам раҳм намекунанд.
Аз тариқи расонаҳои хабарӣ ҳамарӯза огаҳӣ пайдо мекунем, ки дар ин ё он манотиқи дунё амали террористӣ анҷом ёфта, боиси ҳалокати инсонҳо гардидааст. Бадии кор дар он аст, ки назар ба иттилои матбуот баъзе аз давлатҳои абарқудрат барои расидан ба мақсадҳои нопок сиёсати дугонаро пеш гирифта, барои манофеи миллиашон гурӯҳҳои террористиро дастгирӣ мекунанд ва аз онҳо истифода мебаранд.
Ҳаводиси солҳои охир дар бархе аз кишварҳои Арабистон, Африқои Шимолӣ ва Сурия рухдода мисоли равшани ин гуфтаҳо ба ҳисоб мераванд. Дар ин мамолик чанд гурӯҳи ифротию террористӣ, монанди ДИИШ ва Ал-Қойида амалиёти ҷангӣ гузаронида, сабабгори ҳалокати ҳазорҳо нафар ва гуреза шудани қисми зиёди аҳолӣ гардидаанд.
Терроризму ифротгароӣ зуҳуроти нав нест. Дарозои таърих ҳаводиси зиёде рух додаанд, ки ба ин зуҳуроти норавою нангин алоқамандӣ доранд.
Аслан, сарчашмаи терроризм ифротгароӣ аст. Экстремистон, яъне моҷароҷӯёну ифротгароён (чи динӣ, чи сиёсӣ ва ғайра) бо ягон кас муросо кардан намехоҳанд, ақоиди дигаронро ҳаргиз таҳаммул намекунанд ва барои ба мақсад расидан фақат аз террор истифода мебаранд.
Воқеан, вожаи “террор” аз забони лотинӣ буда, маънояш “тарсу ҳарос” аст. Яъне, террористон тавассути тарсу ҳаросафканӣ ва зӯроварӣ дар байни одамон мехоҳанд, ба мақсад ноил гарданд.
Дар таърих чанд намуди терроризм, аз ҷумла сиёсӣ, динӣ, миллӣ ва ғайра дучор меояд.
Имрӯз дар ақсои олам аз ҳама бештар терроризми динӣ вирди забонҳост, ки онро бештар ба мардуми мусалмон нисбат медиҳанд ва мисолаш ҳаракати ДИИШ аст, ки мақсади ниҳоии он бунёди давлати исломӣ дар кишварҳои гуногун мебошад. Мо аз таърих огаҳӣ дорем, ки дини мубини ислом дини дӯстию бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, бунёдкорист. Аслан, онҳое, ки мехоҳанд аз номи ислом ба ҳадафҳои нопок расанд, ин дини мубинро наомӯхтаанд, балки онро бадном мекунанд, вале рафтор ва кирдори ин тоифа ба дин ҳеҷ алоқамандӣ надоранд.
Ба ин маънӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Паёми соли 2015-уми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карда буданд: “Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи чаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”.
Ин ҷо суоле матраҳ мешавад, ки аксаран ба гурӯҳҳои ифротӣ кӣ шомил мешавад ва ҷавонони тоҷик чӣ гуна ба чунин тахрибкорон мепайванданд?
Имрӯз шабакаҳои интернет ва дигар васоити техникаи замонавӣ барои аксар ҷавонон дастрасанд. Ва мубаллиғони гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ аз онҳо хеле моҳирона истифода бурда, мағзи сари наврасону ҷавононро бо ғояҳои дурӯғину харобиовар заҳролуд мекунанд, бо ваъдаҳои ҳавоӣ эшонро ба худ моил мегардонанд.
Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси волидайн, омӯзгорон ва ҳар фарди худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки пеши роҳи ҷавонони гумроҳро гиранд,онҳоро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят намоянд. Дар маҷмӯъ, ҳамаи моро лозим меояд, ки алайҳи ин вабои аср дастаҷамъона мубориза барем.
Маҷид КАРИМ