Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист…

Аҳли ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бо ғаму андӯҳи бепоён маълум менамоянд, ки номзади илми таърих, муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ Тоатов Фирдавс Ҳабибуллоевич дар синни 43 солагӣ аз олам даргуирдавс Ҳабибуллоевич 3 июни соли 1978 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаби миёна, соли 1995 ба факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров дохил шуда, соли 2000-ум  ин даргоҳи маърифатро хатм намудааст.

Солҳои 2001-2003 дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии №3-и шаҳри Хуҷанд ба сифати омӯзгори фанни таърих фаъолият карда, аз соли 2002 то лаҳзаҳои охири умраш дар кафедраи ҷомеашиносии  донишкада аввал ба сифати ассистент, баъд омӯзгор ва аз моҳи октябри соли 2020 ба сифати номзади илмҳои таърих, муаллими калони кафедра фаъолият намудааст.

Тоатов Ф.Ҳ. мисли падари бузургвораш барои рушду нумӯи илму маорифи мамлакат, аз ҷумла барои рушди илми таърих ҳиссаи сазовор гузоштааст. Шояд ҳамин хислати ӯ сабаб шуд, ки дар рисолаии илмии худ муаммоҳои иҷтимоӣ-фарҳангии деҳоти вилояти Суғдро дар солҳои пешин омӯхта, аз онҳо сабақҳо бардошта, барои инкишофёбии масоили иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ таклифу пешниҳодҳои муфид баён доштааст. Даҳҳо мақолаҳои илмии шодравон дар маҷалаҳои бонуфузи ҷумҳурӣ ва берун аз он ба табъ расидаанд.

Аҳли ҷомеаи меҳнатӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ аз марги нобаҳангоми устоди донишкада, номзади илмҳои таърих Фирдавс Тоатов сахт андуҳгин буда, ба аҳли байт ва пайвандони шодравон сабри ҷамил хоҳонанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *