Дар фазои иттилоотӣ вақтҳои охир оиди гузориши собиқ роҳбари ҳизби хиёнатпеша ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ бисёр сару садо мебарояд. Таҳлилу мушоҳидаҳои афкори пучу бемояи ин шахс зеҳни ҳазорон ҷавононро вайрон намуда,сабаби ба гуруҳҳои террористӣ пайваст шудани онҳо мегардад. Қайд кардан ҷоиз аст,ки аз тарафи ҳамин гуна нафарон ҳамагуна хиёнатро интизор шудан мумкин аст. Мутаассифона ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад . Чанд ҳодисаҳои нанговаре,ки аз тарафе ин қабил нафарон дар ҷумҳуриамон ба вуқуъ омада маҳз бо дастури саркардагони ТТЭ ҲНИ сурат гирифтаанд, хиёнатҳои аввалини наҳзатиҳо набуд,балки онҳо хиёнатро аз бомдоди истиқлол шурўъ намуда,дар солҳои 90-уми қарни гузашта вуҷуди миллату кишварро зери савол мондаанд. Маҳз онон буданд,ки ба хотири пулу мансаб ватанро ба арсаи ҷангу куштор ва набардҳои ноҷавонмардона табдил дода ба коми отаг кашидаандва ба вартаи нобудӣ расонданӣ буданд. Ғайр аз ин чун дар замири саркардагони ин ҳизб арзиши истиқлолияту худшиносии миллӣ набуд,худро ба оғўши доираҳои мазҳабии баъзе кишварҳои исломӣсупурданд ва ба ҷои арҷ гузоштан ба Истиқлолият ва арзишҳои онро дар сатҳи миллӣ дарк намоянд. Аз тарафи дигар барои ин нафарон худи шинохти миллат дар дидгоҳи танг ва маҳдуд дақиқ дар шакли маҳалгароӣ ва дар шакли дину мазҳаб фаҳмида мешуд. Таъсиси ин ҳизб ва нақшаи он ба ҳамаи мардуми тоҷик нишон дод,ки онҳо танҳо барои нақшаҳои ғаразонаи роҳбаладони хориҷии иҷро кардан таъсис ёфтаанд. Маҳз Кабирӣ супориши хоҷагонашро амалӣ месозад. Боз ягон хоҷаи хориҷӣ ӯро маблағгузорӣ намудааст. Ин агенти собиқадори шиизми байналхалқӣ аз назари физикӣ ҳам дар асорати доираҳои махсуси мазҳабӣ қарор дошта, ҳатто ҳуқуқи озодона берун рафтан аз ҳудуди ҶИ Эронро надорад. Чанде пеш вай дар посух ба баъзе пайомакҳо, ки ӯро барои музокира ба Туркия ё Дубай даъват намуда буданд, навишта буд, ки «мутаассифона, ҳаққи хуруҷ аз Иронро надорам…» Пас, чи гуна шахси ғулом ё инсоне, ки андеша ва зиндагияш пурра ба иродаи хоҷагонаш вобаста аст, метавонад роҳбарии гуруҳи Паймони миллиро ба уҳда гирад ? Ин пародия ба озодандешӣ ва ё таҳқири мафҳуми «озодандешӣ» аст. Ҳамин тавр, истифода аз номи ин чеҳраи манфури иртиҷоиро метавон ҷиддитарин хатои «муассисон» ё «муассисони муассисон»-и ин ташкилот номид, ки боиси аз аввал маҳкум ба нокомӣ шудани ин нақша шудааст.
Кабирц ташкилоти Паймони миллиро ташкил намуда аз вазифаи раиси ьизб даст кашида бо ьамин худро аз гуноҳҳояш озод карданист. Ин нохалаф аз фаъолияти гузаштаи худ чун ёрдамчии раиси Комиссияи оштии миллц ва вакили Мажлиси намояндагон ёдоварц карда худро таърифу тавсиф мекунад. Кабирц хизматьои худро чунон бузург тасвир кардааст,ки г=ё суль карда бошад. Илова бар ин, маҳз аз ҳисоби атрофиён ва котибони матбуотии М. Кабирӣ таъсис шудани чунин ташкилот », пеш аз ҳама ду ҷанба дорад . Ҷанбаи сиёсии масъала ин аст, ки дар ду соли охир М. Кабирӣ бо супориши хоҷагони охундии худ бисёр кӯшиш кард, то бо ҷамъ кардани гурӯҳҳои мухолифи хориҷӣ як «эътилофи нерӯҳои мухолифини тоҷик»-ро ташкил кунад. Зеро хоҷагони ботаҷрибааш хуб дарк мекунанд, ки моҳияти иртиҷоӣ ва террористии ҲНИ рӯз ба рӯз ба ҷаҳониён ошкор шуда, дар оянда дастгирии рӯйирости ин ташкилот мушкилтар хоҳад буд. Бинобар ин, ташкили эътилофи нерӯҳои оппозитсионӣ ё ИНОТ-2 як навъ ниқобӣ демократӣ ба моҳияти террористии ҲНИТ мешуд. Вале худхоҳии М. Кабирӣ ӣ боис гашт, ки ташкилотҳое чун «Гурӯҳи 24» ва «Ватандор», ки моҳҳо бо ҲНИТ дар бораи эътилоф музокира карданд, аз ин лоиҳа расман даст кашанд. Зеро ҳамагон мақсади шуми ин нақшаро дарк карданд ва нахостанд, ки бозичаи дасти наҳзатиён шаванд.
Аммо хоҷагони ҲНИ як ҳақиқатро фаромӯш кардаанд, ки давлат ва мардуми Тоҷикистон аллакай ин марҳиларо гузашта, акнун ин ҳилла ва ин изи пойи онҳоро бисёр хуб мешиносад. Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон дигар ба ин хел дасисаҳо дода нашуда, фиреби чунин «анҷуман»-ҳоро намехӯрад. Аслан кайҳо вақти он расидааст, ки ин ҳизби моҷароҷӯ ва фитнагар агар заррае аз аҳли фарҳангу сиёсат бошад, пас, пеш аз ҳама маҳз ба ҳамин масъала биандешад,зеро 1000сол қабл Ҳакими Тўсӣ дар бораи чунин нохалафон хеле зебо гуфтааст: «Кӣ зангӣ ба шустан нагардад сапед» Хулосаи матлаб ин, ки ба мо ҳамагон лозим аст, кушиш ба харҷ диҳем, фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа билхусус ҷавононамон фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кўр-кўрона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд.
Тоҳирова М. М. -н. и. ф. муаллимаи
калони кафедраи забонҳои тоҷикӣ
ва русии ДИС ДДТТ