Модарону бонувони арҷманд, муаллимаҳои азизу гиромиқадр!
Бо камоли шодмонӣ ва аз самими дил ҷашни фархундаи Рӯзи Модар – 8-уми мартро, ки нишони самимият ва эҳтирому гиромидошти аҳли ҷомеа ба шахсияти занону модарон мебошад, ба ҳар яки Шумо табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатию хотирҷамъӣ, шодию нишот, саодату фараҳмандӣ, файзу баракати умр ва дар ҷодаи фаъолоят комёбиҳои эҷодию таълимиро таманно дорам.
Модарони азиз! Таҷлили Рӯзи Модар дар оғози фасли зебоманзари арӯси сол – баҳори нозанин аз бузургии сиришти занону модарон башорат медиҳад. Аслан дунёи Зан – модар баҳористони гулафшони зиндагист. Модар меҳвари хонадон ва оромиши ҷон мебошад.
Модар ба мо ҳаёт мебахшад ва беҳтарин хислатҳои инсониро дар вуҷудамон бо шири зулолу сапедаш ҷой медиҳад. Дасти дуои модар ба қалби мо қуввату мадори ҷон бахшида, домони поку мубаррояш нахустин мактаби тарбияи инсоният ба шумор меравад.
Ба қавли Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Зан-модар тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст, нахустин мактаби инсон мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва меҳру навозиши ӯ ба камол расидаем, сабақи одамият омӯхтаем».
Дар айёми Истиқлолият, дар партави марҳамату ғамхориҳои Сарвари давлат мақоми манзалати занону модарони тоҷик ҳамчун офарандагони зиндагӣ, тарбиятгарони наслҳо ва неруи муқтадири пешбарандаи ҷомеа хеле устувор гардид. Имрӯз бо шарофати озодию истиқлоли Ватани маҳбубамон занону хоҳарон ва модарони арҷманди мо дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа баробари мардон заҳмат кашида, бо мақсади таҳкими иқтидору тавоноӣ ва обрӯю манзалати баланди байналмилалии кишвар зафармандона саъю талош менамоянд. Саҳми бонувону модарони азизамон, махсусан дар пешрафти соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар самтҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат бештар ба назар мерасад.
Аз фурсати муносиб, бори дигар ҳамаи Шумо ва тамоми модарону хоҳарони Тоҷикистонро ба ҷашни фархундаи бонувон – Рӯзи Модар аз самими дил табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатц, давлати умр, файзу иқбол, бахту саодати фарзандону пайвандон ва тамоми шодию нишоти рӯи ҷаҳонро таманно дорам.