ЗАМИРИ НАҲЗАТИЁН ПУР АЗ НИФОҚ АСТ!

 

Ҳизби ҲНИ дар Тоҷикистон ҳамчун ҳизби террористӣ ва экстремистӣ шинохта шуда, роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ хоини ватан эътироф гардидааст. Имрӯз бештари собиқ аъзоёни ТТЭ ҲНИ фирорӣ аз хориҷа истода, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазоӣ ороми кишвари моро халалдор намоянд. Наҳзатиён тариқи телевизонҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ сиёсата пешгирифтаи Ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулху субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интақод қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе ҳизбу ҳаракатҳои “исломӣ”-и ватанӣ, инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд. Воқеан Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин – хоинони миллат, ватанфурӯшони зархариданд, ки имрӯз дар Аврупо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда истодаанд, ки  ҳамаи гуфторашон дурӯғ, кирдорашон фисқ ва замирашон пур аз нифоқ аст. Ба хотири пули ночиз ба Тоҷикистони азиз хиёнат карда, мехоҳанд одамонро ба вартаи ҳалокат афкананд ва ба ҷиҳод ташвиқ мекунанд.

Набояд фаромӯш кард, ки дар паси шабакаҳои иҷтимоӣ ё интернетӣ киҳо нишастанд ва ҳамсӯҳбати мо чӣ мақсаду ҳадаф дорад? Бинобар ин мо бояд бениҳоят хушёр ва эҳтиёткор бошем. Танҳо истифодаи моҳиронаи маърифати баланди сиёсӣ, ҳуқуқиву динӣ моро аз зуҳуроти номатлуб дур месозанд. Мо имрӯз аз дирӯза бештар ба насли ҷавон ва наврас тарзи ҳаёта солим, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд имрӯз ҳама муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯншшро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу химояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист.

АБДУҲАМИДОВА Г. М. ,

муаллимаи калони кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *