Баъзе таҳлилгарон аҷибанд, вақте ки худашон ягон чизро таҳлил мекунанд, ба мисли оинаи каҷ ҳамаро нодуруст ва даҳшатнок ба намоиш дар меоваранд. Вале гоҳе ки чеҳраи онҳо аз тарафи дигарон ба тарзи воқеӣ инъикос мегардад, сару садоро роҳандозӣ мекунанд ва дигаронро “душманҷуву” “иқтидори фикриашон”-ро танг арзёбӣ мекунанд. Яке аз ҳамин гуна нафарон Зафари Суфӣ аст, ки худро таҳлилгару рӯзноманигори воқеъбин ба намоиш дар меоварад ва доимо даъво аз рисолати журналистиву озодии баён дорад. Чанде қабл як мақолааш дар сомонаи ифротии “Кимиёи саодат” таҳти унвони “Тоҷикистони обод ва озод” ба нашр расид ва муҳтавои ин мақола аз таҳқиру тавҳини миллату давлат иборат буда, мухолифат ба сиёсати феълии кишвар буд, ва сахт ғаразнок ва аз зовияи таҳлили мунсифона дур буд, табиист, ки мавриди вокуниш қарор гирифт. Аз тарафи дигар услуби мақолаи навишта шуда ва мавзегириҳояш ба мавзегирии фирориёни ҷиноятпешаи наҳзатӣ яксон буд. Ва ё ҳади ақал ба дастури онҳо ва сарпарастонашон эҷод шуда буд ва мавриди вокуниш қарор гирифтани он як чизи маъмулӣ ба ҳисоб меравад. Аҷиб ин аст, ки вақте навиштаи ғаразноки касе мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор мегирад ва муғризона будани ин гуна матлаб ошкор мегардад, дарҳол муаллифин доду бедод роҳандозӣ мекунанд ва ҳамаро ба мақомоти амнияти миллӣ нисбат медиҳанд. Дар ҳоле, ки ҳар гуна матлаб, ки бо унвонии ҳар фарде гуруҳе ё ниҳоде равона карда шуда бошад, он фард, гуруҳ ё он ниҳод метавонад дар баробари ин гуна матолиб вокуниши хешро иброз намояд. Аз ин рӯ Зафари Суфӣ, ки дар навиштаи охиринаш ҳамаро бар души ниҳоди амнияти кишвар ҳавола мекунад, ин нишонаи андешаи васвосии уст.
Дар идомаи ёддошти хеш ба мавҷудияти сонсур дар кишвар, ки мутмаин аст бо дасти ниҳодҳои амниятӣ созмон дода шуда бошад мепардозад ва баста шудани сайтҳоро низ бар души ниҳодҳои қудратӣ ҳавола мекунад ва таҳлилгарони мисли худро ба оинаи барқади тамомнамо ташбеҳ медиҳад. Ва аз масъулин талаб пеш меоварад, ки айбҳои хешро ислоҳ кунед ва на оинаро бишканед. Вале саволи баҳсбарангез ин аст, ки то куҷо сайтҳое, ки фаъолият менамоянд хабару вазъро дуруст ва ба мисли оинаи шаффоф инъикос менамоянд. Аз ҷониби дигар, ба тариқи ҳангомаҷӯёна ва барангехтани кинаву адовати миллӣ, маҳаллӣ ва мазҳабӣ, ки боиси ноором намудани кишвар мегардад, дар ҳамаи ҷаҳон мавриди пайгирӣ қарор мегирад. Дар саросари кишварҳои ҷаҳон ва ҳатто дар пешрафтатарини низомҳои демократӣ манфиатҳои миллии ҳар кишвар болотар аз арзишҳои дигар қарор мегиранд. Аз ин рӯ ҳама гуна хабар, итилоот, матолиб бояд шаффофу беғараз ва дар доираи манфиатҳои миллӣ таълиф шуда бошад. Дар дигар сурат ин гуна матолиб, ки берун аз ҳамин чавкот бошад, мавриди пазириш нест. Аз ҷониби дигар агар расона ё сайту шабакаи итилоотие хусусияти тавтеагарӣ ғаразнок ноором намудани вазъ дар он таблиғи афкори террористию экстремистӣ ҷой дошта бошад, ки дар маҷмуъ натиҷаи ин гуна амалкард ба нооромии иҷтимоӣ оварда расонад, дар тамоми кишварҳои ҷаҳон мавриди пайгирӣ қарор мегирад. Аз ин рӯ, роҳандозӣ намудани таблиғоти зиддисиёсиву зиддидавлатӣ, ки хусусияти нооромии иҷтимоӣ доранд, мавриди пайгирӣ қарор мегиранд.
Гилояву шикоятҳои охири Зафари Суфӣ аз офтоб бармало рушантар аст. Аввалан муддати мадиде расонаи “Озодагон”-ро, ки мутаалиқ ба ин нафар буд ва солиёни дароз ба хотири иттилооти роҳандозишудаи махсус, ки аз тарафи сармоягузорони ин расона ба табъ мерасид ва бештар хусусияти барангехтани кинаву нафрат, хурофазадагӣ ва вопасгароӣ дошт, шояд борҳо мавриди пурсиши ин ё он ниҳод қарор гирифта бошад. Ва чанд соли ахир, ки наметавонад чунин иттилои иғвобарангезро дар фазо пахш кунад табиист, ки аз ҷониби сармоягузорони ин проект мавриди нигаронӣ қарор дорад ва шояд дар дурнамо ё аллакай шуруъ шуда бошад, дигар ба он сармоягузорӣ нахоҳанд кард. Ҳамин аст, ки Зафари Суфӣ акнун мехоҳад дар берун аз кишвар доду фарёд роҳандозӣ намуда, сарпарасти навин дарёфт кунад ё сарпарастонаш ба ӯ барномаи хосеро пешниҳод намудаанд ва сару садоҳои охири роҳандозӣ намудаи ӯ аз ҳамин ҷо маншаъ мегиранд. Аз тарафи дигар Зафари Суфӣ бояд дониста бошад, ки дар ҷаҳони имрӯз нисфе аз нооромиҳову инқилобҳоро дар ҳар кишвари ҷаҳон бо роҳи дуруғпароканиву ба тарзи густурда пахш намудани ахбори иғвобарангез ба роҳ мемонанд. Ҳамин аст, ки ҳар кишваре ва махсусан ниҳодҳои зиддахли он назоратро дар фазои иттилоотӣ дар дасти хеш доранд. Аз ин рӯ бечоранолиҳои Зафари Суфӣ ва ин ниҳоду он ниҳодро мавриди таҳлили ғаразнок қарор додан танҳо ба манфиати худи ӯ аст. Дар ҷустуҷӯи сарпараст аст, ё дастури навро иҷро мекунад.
Эҳсони Илҳом,
таҳлилгар