ЗАБОНИ МОДАРӢ-ПОЯИ МАЪНАВИИ МАВҶУДИЯТИ МИЛЛАТ

Дар толори  ДИС ДДТТ конференсия  илмиву амалӣ бахшида ба рӯзи забони давлатӣ ва иди омӯзгорон  дар мавзӯи “ ЗАБОНИ МОДАРӢ- ПОЯИ МАЪНАВИИ МАВҶУДИЯТИ МИЛЛАТ” гузаронида шуд. Дар чорабинӣ устодону донишҷӯёни донишгоҳ ва намояндаи  МИҲД вилояти Суғд Мирзоғуфрон  Ғафуров иштирок намуданд.

Сараввал директори ДИС ДДТТ Олимӣ.Р.Л сухан карда, тамоми донишҷӯёну омӯзгоронро бо иди касбиашон ва Рӯзи забони давлатӣ муборакбод намуда, зикр кард, ки тарбияи дуруст ва ояндаи неки ҳар як наврас аз омӯзгор вобаста асту маориф – омили муҳимтарини таъкими давлат ва рушди миллат мебошад.   Баъдан намояндаи МИҲД в Суғд Мирзоғуфрон Ғафуров  аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷабой  Аҳмадзода иштирокчиёнро табрик намуда, ба якчанд устодони донишкада ифтихорномаи раиси вилоятро тақдим намуд.

Аз ҷумла, директори донишкада Олимӣ Р.Л, устодон – Қаюмов А, Бузрукова С, Нишонзода Р, Ғайбуллоев К, Ҳоҷиев А  бо ифтихорномаи Раиси вилоят ва бо ифтихорномаи раиси шаҳри Хуҷанд устодон  – Мамадҷонов Ф.С, Ҳомидова М, Ҷӯраев С, Набиева М ва ифтихорномаи раёсати ДИС ДДТТ  Бобоев Б, Маҳмудов Р, Агзамова Р, Мамадҷонов Ф ва Мухторов С сарфароз гардонида шуданд.

Баъди супоридани ифтихорномаҳо Бобоев С дар мавзӯъи “ Забони тоҷики дар масири таърих ва замони муосир”,  Ҷалолова Ф.А дар мавзӯъи “Забони давлатӣ пояи асосӣ бинои фарҳангӣ ва маърифату ҷаҳонфаҳмист”, Комилҷонова М донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси молия ва қарз дар мавзӯи “Таджикский язык-язык древного мира”маърӯза карданд. Шеъру суруду  рақсҳои донишҷӯён ва устодони эстрадаи вилоят табъи аҳли нишастро шод гардонид.

20191004101047_IMG_3932
20191004100834_IMG_3930
20191004102836_IMG_3985
20191004103739_IMG_4031
20191004103107_IMG_4004
20191004103134_IMG_4007
20191004104022_IMG_4039
20191004101854_IMG_3938
20191004105204_IMG_4049
20191004112205_IMG_4058
20191004101939_IMG_3942
20191004102809_IMG_3979
previous arrow
next arrow
20191004101047_IMG_3932
20191004100834_IMG_3930
20191004102836_IMG_3985
20191004103739_IMG_4031
20191004103107_IMG_4004
20191004103134_IMG_4007
20191004104022_IMG_4039
20191004101854_IMG_3938
20191004105204_IMG_4049
20191004112205_IMG_4058
20191004101939_IMG_3942
20191004102809_IMG_3979
previous arrow
next arrow

Дилафрӯз Ҳомидова,
корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *