Юсупов Аюбҷон Кенҷабоевич

Юсупов Аюбҷон Кенҷабоевич 20 июли соли 1953 дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1970 мактаби миёнаи ба номи «Коммунист» (МТМУ №4 ба номи А.Абдураҳмонов)-и шаҳри Конибодомро бо медали тилло ва соли 1975 факултети механикаю математикаи Унверситети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ДМТ)-ро бо дипломи аъло хатм намудааст.
Солҳои 1975-76 таҷрибаомӯзи Институти математикаи АИ Тоҷикистон ва аз соли 1976 то 1979 таҳсилро дар аспирантураи факултети механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов давом дода, пас аз хатми он дар вазифаи ходими калони илмии шӯъбаи «Муодилаҳои дифференсиалӣ»-и институти математикаи АИ Тоҷикистон то с.1988 фаъолият бурдааст. Солҳои 1988-92 муаллими калони филиали Институти савдо ва кооператсияи Новосибирск дар шаҳри Душанбе (ДДТТ), 1992 – 94 дотсенти Донишгоҳи тиҷоратии шаҳри Конибодом, 1994 – 96 мудири шӯъбаи маркетинг ва робитаҳои иқтисодии берунаи хоҷагии ҷамоавии «Ирам»-и ноҳияи Конибодом, 1996-2000 дотсент ва мудири маркази компютерӣ ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, 2000-2003 тренер ва эксперти қарзии ташкилоти «Ҳайати байналмиллалии Шафқат» фаъолият бурдааст
Аз соли 2004 дар вазифаи дотсенти кафедраи «Иқтисод ва соҳибкорӣ», солҳои 2009 – 2015 муовини директор оид ба таълим ва инноватсия ва аз 2015 то 2016 ба ҳайси мудири шӯъбаи робитаҳои байналмиллалӣ, 2016 то 2021 дотсенти кафедраи Иқтисоди ҷаҳонӣ ва аз 1 сентябри соли 2021 дотсенти кафедраи Математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар ш.Хуҷанд кор мекунад. Инчунин аз соли 2003 то соли 2016 директори иҷроияи ташкилоти ҷамъиятии «Комёбиҳои ҷавонон»-ро ба ӯҳда дошт. Дар ДИС ДДТТ ташкилкунандаи аввалин (2009) гурӯҳҳои «Иқтисоди ҷаҳонӣ» мебошад, ки таълим пурра ба забони англисӣ буда, аз фанҳои математикаи олӣ барои иқтисодчиён, микроиқтисод ва консепсияи табиатшиносии муосир бо забони англисӣ дарс медиҳад.
Дар шаҳри Вашингтон (ИМА) ҳангоми аввалин ташрифи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2002 дар мизи мудаввар иштирок намудааст. Дар конфоронсҳои байналмиллалӣ ва сафарҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар Британияи Кабир ва Ирландия (1997), ИМА (2002, 2012, 2014), Канада (2012), Шветсия, (2010, 2012), Фаронса (2012), Венгрия (2005), Кореяи Ҷанубӣ (2005), Шри Ланка (2007), Индонезия (2008), Ҳиндустон (2006), Малайзия (2008, 2011) ва ғ. оиди масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ байни ҷавонон баромад кардааст.
Юсупов Аюбҷон Кенҷабоевич муаллифи зиёда аз 50 мақола ва китобҳои илмӣ, илмӣ-методӣ буда, тарҷумони китобҳои «Иқтисоди амалӣ» (1999), маҷмӯаи сеҷилдаи «Асосоҳои иқтисодиёт» (2005), «Принсипҳои иқтисолиёт»-и профессор Менкю Г. (Донишгоҳи Гарварди ИМА) (2011), «Ахлоқи бизнеси глобалӣ» ва ғайра мебошад.
Мавсуф дар тарбияи устодони ва омода намудани китобҳои дарсӣ, методӣ ва илмӣ саҳми назаррас доранд, ки онҳо дар машғулиятҳои таълимӣ васеъ истифода мешаванд.
Барои хидматҳои арзанда дар пешбурди фаъолияти касбӣ, татбиқи амалии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббускорию мусоидат дар рушди ҳаёти ҷомеа ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангӣ бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардидааст.
Бо қарори Шӯрои олимони донишкада дар соли 2022 ба устод Юсупов Аюбҷон Кенҷабоевич унвони профессорӣ дода шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *