ЯК БОМУ ДУ ҲАВО: ҲАНГОМАҲОИ ДИГАРИ ХОИНИ МИЛЛАТ ИЛҲОМ ЁҚУБОВ ДАР СОМОНАҲОИ ИҶТИМОӢ

Илҳом Ёқубов яке аз роҳбарони ТТЭ ҲНИ бо ҳар гуна иғвову дассисаҳои беақлонаву беҳунаронаи хеш ҳамон аъмоли тундгароёнаву тавриқаандозонаи  ҳаммасалакони  хориҷиашро, ки тайи чандин сол барои ноором кардани Тоҷикистон нақшаву барномаҳои радикалӣ омода карда, дар хориҷи кишвар бо дастгирии ташкилотҳои ҳамақидаву ҳамандешаашон роҳадозӣ карда истодаанд, мунтазам бо шеваву усулҳои гуногун идомат дода истодааст. Ин корҳои ноҷавонмардонаи ӯро ба мушоҳида гирифта, як таъбири халқии “кори ҳар буз нест хирма куфтанд” ба хотирам расид.  Илҳом Ёқубов бо даъвоҳои беасосу бебунёдаш дар мавриди Мирзохӯҷа Исмоилов, ки бо хоҳиши худаш ба Тоҷикистон баргашта, тамоми корҳои анҷомдодаашро иқрор шуд, ҳар гуна ахбороти бардуруғро дар сомонаҳои иҷтимоӣ интишор додааст.

Илҳом Ёқубов дар бораи иштирок кардан ва накардани Мирзохӯҷа Исмоилов дар ҷаласаи САҲА дар соли 2016 маълумоти сохта пешниҳод карда, бо ин роҳ хостаааст дар сомона як ҳангомаи дигар барпо кунад. Аммо ҷомеаи меҳнатии Тоҷикистон  аз ин гуна балвоангезиҳои ТТЭ ҲНИ огоҳ ҳастанд ва барои онҳо ин ҳодисаҳо нав нест.

Ахиран худи Мирзохӯҷа Исмоилов аз корҳои кардааш ва супоришҳои аз ҷониби Илҳом Ёқубов гирифтааш иқрор шуд, ки ҳоҷат ба шарҳи ин масъала нест. Танҳо ба Илҳом Ёқубов ҳаминро таъкид карданӣ ҳастем, ки роҳи дигари ҳангомаро пайдо кунад ва аз чунин усулҳои куҳнашудаи хурофотӣ даст кашад.

Дигар дасисае, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ тавассути ин марди ҳангомапешаи ифротӣ  интишор шудааст, аъзои ҳизби террористӣ будан ё набудани Мирзохӯҷа Исмоилов аст. Ба назар мерасад, ки Илҳом Ёқубов дар пайи ноором кардани вазъияти кунунии Тоҷикистон ҳамин хел вонамуд мекунад, ки гӯё ӯ бо аъзоёни собиқи ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон алоқа барқарор кардааст, аммо бояд қайд кард, ки ин як ҳунарнамоие беш нест. Илҳом Ёқубов бо ин роҳ нишон доданист, ки алҳол пинҳонӣ ҳам бошад, тарафдорони онҳо дар дохили кишвар вуҷуд доранд ва худ намедонад, ки ин намоиши зоҳирист. Ба Илҳом Ёқубов тавсия дода мешавад, ки ин маймунбозиҳояшро дар боғи ҳайвоноти хоҷагони хориҷиаш анҷом диҳад.

Мирзохӯҷа Исмоилов худаш эътироф кардааст, ки ӯ аъзои ТТЭ ҲНИ буда, бо Илҳом Ёқубов қаблан низ робитаи дӯстӣ доштааст.

Маълумотҳое, ки Илҳом Ёқубов дар мавриди шахсияти  Мирзохӯҷа Исмоилов ва сафарҳои ӯ зикр мекунад, ба он шаҳодат медиҳанд, ки ин фарзанди нохалаф воқеан ҳам  чунин ҷавонони ноогоҳро ба доми худ андохта, бо ваъдаҳои пучу бепояаш ояндаи дурахшони онҳоро зери суол қарор додааст. Аз навиштаҳои Илмҳом Ёқубов чунин суол пайдо мешавад, ки Мирзохӯҷа Исмоилов ва шахсияти вайро аз куҷо мешиносад, агар ӯ аъзои ТТЭ ҲНИ набошад? Чаро Мирзохӯҷа Исмоилов бо мақсади паноҳандагӣ ба Аврупо рафт? Ӯро кӣ дар Аврупо барои тайёр кардани ҳуҷҷатҳояш ҷиҳати гирифтани паноҳандагӣ кӯмак расонидааст?

Бояд қайд кард, ки роҳбарони ТТЭ ҲНИ, ки як давра бо аъмоли дурӯғ ва андешаҳои ботил ба фазои сиёсии кишвар ворид шуда буданд, дар оғоз бо ҳамон шева фаъолияти густарда доштанд ва мутаассифона мардуми тоҷик андак дертар ҳам бошад ҳадафи онҳоро фаҳмид ва пеши роҳи муғризиҳои Илҳом Ёқубов ва ҳаммаслакони ӯро гирифт.

Бояд қайд кард, ки бо чунин ахбороти сохта Илҳом Ёқубов дар назди шаҳрвандони Тоҷикистон худро ҳамчун як шайтоне дар симои одамӣ  ба ҷилва меорад.

Илҳом Ёқубов дар мавриди иштироки Мирзохӯҷа Исмоилов дар ҷаласаи САҲА дар соли 2016 низ ҳамин гуна роҳро пеш гирифтааст. Ҳарчанд бо далелҳои шайъӣ борҳо истбот шудааст, ки Мирзохӯҷа Исмоилов дар ин ҷаласа ширкат дошт, аммо Илҳом Ёқубов онро рад карда, ҳангома сохтааст. Тавре аз изҳороти Мирзохӯҷа Исмоилов  бар меояд ӯ дар воқеъ бо даъвати Илҳом Ёқубов чанд соли умри хешро барҳадар дар мусофират гузаронида, сарсону саргардон гарштааст.

Ба Илҳом Ёқубови хоин ва зархариди хориҷиён даъват ба амал оварда мешавад, ки мисли Айёмиддин Сатторов ва дигар аъзоёни фаъоли гуруҳҳои ифротӣ ба ватани худ баргардад. То кай барои ду танга пули сиёҳ дар мусофират ҳангома мебофаду тоҷиконро сиёҳ мекунад. Худаш хуб медонад, ки даст кашидани Айёмиддин Сатторов ва дигар аъзоёни “гуруҳи 24” боиси авфи гуноҳи онҳо гардида, дар ватани худ кору фаъолият карда истодаанд.

Худи Илҳом Ёқубов шоҳиди он аст, ки Айёмиддин Сатторов дар ҷаласаи САҲА баромад карда, дар ҳузури намояндагони давлат барои якдиливу якпорчагии халқи хеш баромад кард. Дар паҳлӯи ӯ қарор доштани муҳофизони ҳукуматӣ ба он мақсад буд, ки аз ҷониби Илҳом Ёқубов барин намояндагони радикалӣ ҳадаф қарор нагирад. Зеро чунин нафарон дар солҳои нахустини истиқлолият террори фарзандони рӯшанфикри тоҷикро ҳадаф қарор дода буданд.

Мо ин дасисаҳои Илҳом Ёқубовро маҳкум карда, ба мардуми тоҷик муроҷиат менамоем, ки ба ин гапҳо бовар накунанд ва донанд, ки Илҳом Ёқубов барои он ин ҳангомаро ба роҳ мондааст, ки раванди баргардонидани аъзоёни ТТЭ ҲНИ суст шавад ва дигар нафарон аз сафи онҳо хориҷ нашаванд. Лекин Илҳом Ёқубов бояд донад, ки чоҳе, ки худ барои мардуми тоҷик кандааст, танҳо худаш ба он хоҳад афтод.

Ба аъзоёни хориҷии ТТЭ ҲНИ маълум менамоем, ки ба дасисаҳои Илҳом Ёқубов бовар накунанд ва ҳар чи зудтар ба ватани худашон Тоҷикистон баргарданд. Кишвари тоҷик бо бахшидани гуноҳҳои якдигар борҳо исбот кардааст, ки метавонад дар ҳамбастагӣ ҷиҳати пешбурду пешрафт кору фаъолият намояд. Танҳо ба ин раванд Илҳом Ёқубов барин шахсиятҳои тундраву ифротӣ халал ворид менамоянд.

Абдуллоев Р.Х.–Сардори раёсати илм ва инноватсияи
МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *