Ягона фарде…

Лозим ба ёдоварист, ки ягона фарде, ки аз сар задани ошӯби зиндониёни маҳбаси №3/3-и шаҳри Хоруғ табли шодӣ мезанад ва хурсандӣ карда буд, ҳамин Муҳаммадиқболи Садриддини салафӣ аст.

Таҳлили се соли охир нисбати фаъолияти собиқ аъзоёи ҲНИ М.Садриддин дар дохил ва беруни кишвар нишон дод, ки ӯ ба таври нохудогоҳ бар зидди лоиҳаҳои сарнавиштсози миллат буда, бо хӯйи ғуломӣ чунон дар зеҳнаш нақш бастааст, ки мехоҳад ҳама ба мисли онҳо бошанд. Воқеан Муҳаммадиқболи Садриддин, ки марбутаи доираҳои салафимадори кишварҳои нимҷазираи араб мебошад, чунон забонзада сухан мегӯяд, ки гумон мекунӣ, ин афрод дар гарави бозиҳои арабу аҷами ҳоҷагони ҳориҷиаш афтидааст (араб-Муҳаммадиқболи Садриддин ва аҷам-Саидюнуси Истаравшанӣ). Дар мадди аввал, М.Садриддин, ки ҳамаро мисли худаш мепиндорад, фазои иттилоотиро ба таҳлука оварда, мағшуш  кардааст. Садриддини М. каҷрав дар пайрави муштарикобии боз нафаронеро мешавад, ки «қаҳрамон»-и ҳикояҳои ӯ бошад. Шояд касе зиндонӣ барои дуздӣ шуда бошад, вале дар назди расонаҳои мухолифин, ки Садриддини М. лаққии онҳост, он худро чунон азизи дилҳо нишон медиҳад, ки хориҷиҳо фикр мекунанд «муборизи роҳи озодӣ аст».

Муҳаммадиқболи Садриддин ёвасаро, козиб ва лаин аст. Чун ӯ гуноҳкор аст, тасаввур мекунад, нисбат ба ӯ баринҳо адолатро риоя намекунанд. Ёдовар шудан бамаврид аст,ки муборизони аслӣ Маҳатма Гандӣ, Ҷавоҳирлол Нерӯ ва дигарон буданд, ки бо чашми сар диданд, ки зиндон чист? Ин қишрҳо агар даъво мекарданд, дар бораи адолат, шояд рост мебаромад. Вале на Садриддин Муҳамадиқболе ки мазҳаби бобоии худро падруд гуфта, даъвогарӣ мекунад, ба ҳеч сурат раво нест. Дар Тоҷикистон адолат ҳукмфармост чӣ нисбат ба зиндониён бошад ва чӣ ба дигарон! Қонунгузор ҷавобгарии фардӣ пешбинӣ кардааст ва ҳар кас ба ҷурму ҷинояти худ шахсан ҷавоб медиҳад. Ҷавоб бояд муносиб бошад ва дандоншикан, то террористон ба кӯчаҳои шаҳр сарозер нашаванд ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон накунанд. Алқисса, умри ҳарфҳои ботил кӯтоҳ аст. Эҷоди камарбанди дурӯғ бар зидди миллат, ҳеч гоҳ оянда надорад. Наҳзатиҳо дар пешонӣ аз саҷда бар пойи хоҷагонашон сиёҳ бояд дарк кунанд, роҳе ки онҳо интихоб кардаанд, роҳи шайтонист.

                                                 Носирова М.М. -асситсенти кафедраи

 забонҳои хориҷии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *