ВОРУХ – ПОРАИ ТАНИ ҲАР ВАТАНДОРИ АСИЛ АСТ!

 

         Санаи 7-уми октябри соли равон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, хосатан Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаҳои аз низоъҳову муноқишаҳои марзӣ осебдидаи ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара корҳои ободониву бунёдгароӣ оғоз бахшида шуд.

         Суҳби ҳамин рӯз, зиёда аз 70 нафар устодон, кормандон ва ҳатто донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ иқдом пеша намуда, барои кӯмак ва ҳашари дастаҷамъона ба бунёди манзилу хонаҳои истиқоматии сокинони аз муноқишаи марзӣ осебдидаи деҳаи Сомониён сафарбар гардиданд.

   Онҳо дар корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла, деворсозӣ, корҳои бетону сементӣ, андова ва чӯбу шиферзании манзилҳои осебдидаи сокинон фаъолона иштирок намуда, ба зиёда аз 10 манзили осебдида ёрӣ расониданд.

         Дар ҳашари дастаҷамъона бевосита Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ташриф оварда, ба иқдоми ҳашарчиён баҳои мусбат ва ба кори онҳо баҳои арзанда дод.

         Ёдовар мешавем, ки иқдоми мазкурро директори донишкада номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзоза Ҳ,Ҳ, низ дастгирӣ намуда, ҷиҳати сафарбарии устодону кормандон ва донишҷӯён бо таъмини нақлиёт мусоидат намуд.

            Дастгирӣ ва кӯмаку ҳамдилӣ бо сокинони аз муноқишаҳои марзӣ осебдидаи ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара имрӯз барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ қарзу фарз буда, моро водор менамояд, ки ба ин иқдомоти неку инсондӯстона ва холисона ҳамрайъиву пайравӣ намоем. Зеро Ворух – пораи тани ҳар як ватандори асил аст!

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *