Вохурии кори бо намояндагони ҶДММ “Далерон”

Санаи 21.10.2024 бо иқдоми мудири шуъбаи таҳсилоти дуалӣ ва алоқа бо истеҳсолот досент Буходиров Ҳ.И вохури кори бо намояндагони ҶДММ “Далерон” бо директори ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд, н.и.и Ҷалилзода А.А гузаронида шуд, ки дар он масъалаҳои кори барои тайер кардани мутахассисони ҷавобгуй ба талаботи бозори меҳнат ва бастани шартномаҳои се ҷониба ва дуҷониба дида баромада шуд. Аз ҷониби ҶДММ “Далерон” сардори шуъбаи HR Иноятова Тахмина ва сардори департаменти Маркетинг ва рушд Буходиров Муҳаммадхуҷа оид ба омодагии ҳамкори бо донишкада ва афзалиятҳои ширкати худро баён дошта қайд карданд, ки дар ҶДММ “Далерон” ҳамаи имкониятҳо барои корбарӣ оиди пешниҳодҳои директори донишкада муҳтарам Ҷалилзода А.А мавҷуд мебошад. Дар вохӯрӣ муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналхалқӣ н.и.и Мирпочоев Д. А. иштирок дошта, баъзе фикру андешаҳои худро баён доштанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *