Вохӯрии роҳбарони муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилоят бо хатмкунандагони ноҳияи Мастчоҳ

Тибқи супориши Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ оид ба омода намудани хатмкунандагон ба маъракаи ҳуҷҷатсупорӣ ва дохилшавӣ ба донишгоҳ ва коллеҷҳои мамлакат тариқи Имтиҳоноти марказонидашудаи дохилшавӣ вохӯрии навбатии роҳбарони муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбии ноҳияи Мастчоҳ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо суханҳои ифтитоҳии муовини Раиси ноҳия Умарзода З.В. оғоз гардида, баъдан тибқи регламент роҳбарони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят маърӯзаҳо карданд.

Муовини директори ДИС ДДТТ, номзади илмҳои иқтисод, дотсент А. Қаюмов перомуни дастовардҳои донишкада, шароити таҳсил, вазъи компютеркунонӣ, робитаҳо ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар маълумот дода, аз хатмкунандагон даъват ба амал овард, ки агар мехоҳанд мутахассиси беҳтарини соҳаи иқтисод шаванд, пас метавонанд ихтисосҳои ДИС ДДТТ-ро интихоб намоянд.

Сипас, ба чандин саволҳои пешкашнамудаи хатмкунандагон роҳбарони муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилоят ҷавоб гардониданд.

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия барои таъмини чунин шароити созгор пеш аз ҳама миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, сипосмандии хешро ба Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода барои ташкили вохӯриҳои судманд бо роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят таъкид намуданд.

Музокираи омӯзгори МТМУ №8 Раҳмониён Ҳ. ва директори МТМУ №3 Ашуров С. ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *