Бо мақсади омода намудани мутаххасисони баландихтисоси муҳосибӣ ва тақвияти иқтидори илмию зеҳнӣ онҳо бо усули анъанавию низоми нави таълим аз тарафи омӯзгорони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит таваҷҷўҳи махсусе зоҳир гардонида мешавад.
Тибқи нақшаи корхои таълимӣ-методӣ санаи 21.10.2024 бо ташаббуси омўзгорони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дотсент Содиқова Г.И. ва муаллими калон Самадова М. аз ҷиҳати алоқаи илм бо истеҳсолот дарси амалӣ дар Раёсати андози вилояти Суғд бо иштироки донишҷўёни курси сеюми ихтисоси 250108 – баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит гузаронида шуд.
Сармутахассиси раёсат Аҳмадҷонова Р. донишҷуёнро пешвоз гирифта, бо фаъолияти якчанд шуъбаҳои раёсат шинос намуд. Мудири шуъбаи назорат ва кор бо мизоҷон оид ба усулҳои назорат бо истифодаи имкониятҳои рақамикунонӣ донишҷуёнро шинос намуд. Инчунин бо тариқи электронӣ таҳия намудани шаклҳои ҳисобот, тарзи ҳисоб намудани андозҳои пардохтшаванда мутахассисони шуъба маълумоти мухтасар пешниҳод намуданд. Аз тарафи донишчўён низ бисёр саволҳои ҷолиб ба мутахассисон пешкаш шуда, ҷавобҳои мувофиқ гирифта шуданд.