Санаи 10-уми декабри соли равон дар Донишкада вохӯрии устодон ва донишҷӯён бо сардори кафедраи ҷомеашиносии факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Муяссара Тоҳирӣ вобаста ба мавзӯи муқовимат ба коррупсия ва пешгирии падидаҳои номатлуб баргузор гардид.Чорабиниро муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон дотсент Аҳророва Г.У. оғоз бахшида, аз оқибатҳои ногувори падидаҳои номатлуб, аз ҷумла коррупсия ёдовар шуд.
Сипас, подполковники милитсия Муяссара Тоҳирӣ бо маърӯзаи пурмӯҳтаво баромад намуда, аҳли нишастро ба муқовимати дастаҷамъона бар зидди коррупсия даъват кард.
Баъдан, муаллими калони кафедраи ҳуқуқшиносӣ Шарипов Далерҷон дар мавзӯи «Ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ» маърӯза намуд.