Вохӯрӣ бо мақсади дур сохтани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои бадхоҳ

Санаи 09.02.2022 бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ ва бо иштироки ҳайати васеъи устодону донишҷӯёни факултети иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ бо намояндаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд вохӯрӣ доир гардид, ки дар мулоқоти мазкур муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фахриддинзода Фирдавс ва муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон Аҳророва Гулчеҳра Усмоновна иштирок доштанд.
Мулоқот мувофиқи нақша – чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд гузаронида шуда, мавзуи асосии он шомил нашудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва омӯзиши паёми Пешвои муаззами миллат ба маҷлиси олӣ буд, ки Фахриддинзода Фирдавс оиди мавзуи мулоқот суханрони карда ба донишҷӯён оиди дур сохтани худ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои бадхоҳ суханронӣ кард.

IMG_4017
IMG_4015
IMG_4019
IMG_4011
IMG_4022
IMG_4026
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *