Вобаста ба маводҳои иғвоангезандаи М. Садриддин

Террорист дар куҷое, ки ҷиноят содир накунад вай террорист аст.

Хушбахтона имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳо барои зиндагии сокинони кишвар ва озодии эътиқоду пайравӣ ба дин фароҳам оварда шуд.

Яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи нерӯҳои мубориза баранда бо терроризм ва ифротгароӣ ин кам намудан ва ё пешгирӣ намудани таъсири ин гурӯҳҳо ва созмонҳо дар фазои маҷозӣ мебошад, ки имрӯз аксари мардуми башар дар он ҳузур доранд.

Нерӯҳои созандаи аҳли башар дар шароити кунунӣ бар он мекушад, ки таъсир ва нуфузи созмону гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароиро ба мардум ва ҷомеаҳо кам намоянд ва ба нестӣ расонида бошанд.

Ҷомеаи башарӣ дар шароити имрӯза гирифтори мушкилотҳои зиёде аст, ки рушди терроризм ва ифротгароӣ аз ҷумлаи он масъалаҳои ҳалталаб ва доғи рӯз мебошанд.

Терроризм ва ифротгароӣ тамоми ҷомеаҳоро фаро гирифта, бо истифода аз абзорҳои мухталиф кӯшиш бар он доранд, ки таъсир ва нуфузи худро боло баранд ва бо ин роҳ мақсадҳои манфури хешро амалӣ созанд.

Аммо боз дар ин замина нафароне мисли аъзову пайравони ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати исломӣ пайдо шуданд, ки ин ҳама пешрафту шукуфоиро дида натавониста, байни мардум фитнаандозӣ намуда, хостори барангехтани кинаву низоъҳо дар дохили кишвар гардиданд.

Таҳлили ҷараёни вазъи сиёсии ҷаҳони имрўза ва чораҳое, ки бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм (ифротгароӣ), хусусан дар минтақаи Осиёи Наздик андешида шуда истодаанд, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналмиалалӣ дар маҷмўъ ба амнияти тамоми давлатҳо таҳдид менамояд ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва глобалӣ пайдо кардааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди ғоя ва фаъолияти ҳама гуна марказ ва созмонҳои динӣ – экстремистӣ, сарчашмаҳои маблағузории террористон ва таҳрибкорон қатъиян амал мекунад.

Яке аз вазифаҳои муҳими имрўзаи мо ошкор намудан, бартараф ва пешгирии сабаб ва шароите, ки боиси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадан ва паҳн шудани ғояҳои террористӣ ва экстремистӣ дошта (ифротгароӣ) мебошад.

  1. Иғвогарон ба мақсад нахоҳанд расид!
  2. Мардуми тоҷик аз Кабирӣ нафрат доранд!
  3. Муҳаммадиқболи Садриддин ба ин хиёнаткориҳо нахои пеш рафт.
    4. Мо бо Пешвои миллати худ фахр дорем. Ба пеш, ба пеш, ба пеш!
    5. Филми ҳуҷҷатӣ «Хиёнат» беҳтарин филм ки хиёнаткоронро исбот намуд.

6.Нестбод хиёнаткорони ин замона!

 

Ҳомидова Дилафрӯз

корманди бахши табъу нашри донишкада

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *