Вазъи ҷаҳони муосир ва зуҳуроти бемайлони ҳаракатҳои ифротгаро

      Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар нимаи дуюми асри XX терроризм ва экстремизм мавриди таваҷҷӯҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифт, хусусан аз ҷониби коршиносони мамлакатҳои Ғарб омӯзиши ин зуҳуроти номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд.

Шояд суоле ба миён биёяд, ки барои чӣ ба омӯзиши ин масъала маҳз дар ҳамин давра таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд, ҳол он, ки таърих исбот мекунад, ки  дар  ҳама давру замони форматсияҳои ҷамъиятӣ содиршавии терроризм ва экстремизм буд. Чунки  танҳо дар нимаи дуюми  асри  ХХ  дар  қатори дигар проблемаҳо терроризм ва экстремизм ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми  шарифи Тоҷикистон дар шароити муташанниҷ гардидани вазъи ҷаҳони муосир ва зуҳуроти бемайлони терроризм ва экстремизм пешниҳод гардид.

Дар воқеъ, рўйдодҳои охири ҷаҳон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва чандин кишварҳои Аврупо терроризм ва экстремизм ба хатари аввалиндараҷа табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтааст.

Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо – Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Ин ҷо беихтиёр саволе ба миён меояд, ки чаро Пешвои миллати тоҷикон оид ба вазъи геополитикии ҷаҳони муосир бо таваҷуҳу нигаронӣ сухан гуфта, ҳушдор дод, ки вазъияти баамаломада дар минтақаҳои гуногуни олам метавонад ба оромию осоиштагии рўзгори мардуми мо ҳам таъсири манфӣ расонад.

Яке аз падидаҳое, ки ба ҷомеаҳои пасошўравӣ, аз ҷумла ҷомеаи Тоҷикистон таҳдид мекунад, ин рушди радикализм дар миёни ҷавонон мебошад. Мафҳуми радикализм ҳамчун истилоҳ дар  адабиёти илмӣ ва матбуоти даврӣ дар асоси фаҳмишу ҷаҳонбиниҳои гуногун арзёбӣ мегардад. Зери ин истилоҳ таҳаммулнопазирӣ, эътироф накардани ҳақиқат ва қонуниятҳои иҷтимоӣ ва таассубгароӣ фаҳмида мешавад.

Албатта, падидаи радикализм дар ҷомеаи мо падидаи навзуҳур аст, ба қавли ҷомеашиносон он дар кишварҳое реша мегирад, ки давраи гузаришро аз сар мегузаронанд.

Вожаи радикализм аз калимаи лотинии «radix» гирифта шуда, ба маънои «реша», «бех» далолат мекунад. Радикализм ҳамчун истилоҳ маҷмўи андешаҳои ҳаракатҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ аст, ки мақсади дигаргун кардан, аз беху бун сарнагун сохтани институтҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаро дорад. Радикалҳо дигаргуниҳои фаврӣ ва қатъӣ ворид намуданро ҳатто бо роҳи зўрӣ дуруст мешуморанд. Ин мафҳум ҳамчун истилоҳи илмию сиёсӣ ҳанўз дар асри 18 аввалин бор дар Англия вобаста ба Ислоҳоти интихоботӣ дар соли 1832 истифода гардидааст. Ба таври оммафаҳм калимаи радикализм маънои изҳори амали қатъӣ ва  канорагирӣ карданро дорад.

Дар асри 20 радикализм ҳамчун пояи асосии идеологияи як қатор қувваҳои сиёсии чап ва рост гардид. Бо пешниҳоди ақидаҳои худ пайравони ин ҷараён муносибати номатлуб доштани худро бо низомҳои сиёсии мавҷуда баён намуда, ҳалли масъаларо дар барҳам додани онҳо диданд. Аз ин рў, радикализм бо сохти сиёсии мавҷуда ҳама вақт дар мубориза аст ва сайъ мекунад, ки авзоъро дар дохили ҷомеа ноором созад. Ин мақсадҳо бо роҳи расонидани иттилоот, ташкили бесарусомониҳо, тақвият додани бўҳронҳои иҷтимоӣ бо роҳи норозигии мардум, фишор овардан ба ҳокимияти сиёсӣ ва пешниҳоди ақидаҳои навоварона амалӣ мегардад.

    Бо назардошти вазъи ҷаҳони ҳозира ва шаклҳои зуҳури ин падидаҳои номатлуб терроризм аз рўи хусусияташ гуногунҷабҳа буда, дар давраи ҳозира дар чунин шаклҳо зуҳур мекунад:

– инфиҷор намудани фурудгоҳо, ҷойҳои серодам;

– барҳам додан ва валангор намудани объектҳои махсусан муҳими стратегӣ;

– ба роҳи зўрӣ гаравгонон гирифтани одамон;

– дар зеҳни мардум ворид намудани тарсу ваҳм ва нобоварӣ ба фардои ҳаёти осоишта ва ғайра.

     Ҳарчанд мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он ки гароиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгаро аз байн бардошта шавад, бояд эҳсоси ватандўстӣ, донишандўзӣ ва муҳаббати касбу ҳунар дар байни насли ҷавони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ васеъ ба роҳ монда шавад.

Ҳангоми ба амал баровардани ин амалиётҳо шумораи зиёди одамон ҳалоку захмӣ гардида, бе хонаю ҷой ва бе саробон мемонанд. Албатта, чунин амал дар байни мардум таҳлука андохта, дар натиҷа одамонро воҳима зер мекунад ва бевосита ҳукуматдоронро ба он водор месозад, ки ба хотири амнияти шаҳрвандон ва озод намудани гаравгонон ба таклифҳои террористон ва экстремистон қисман розӣ шаванд.

Ҳамин тариқ, барои мубориза бурдан бо радикализм, экстремизм ва терроризм бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулиятшинос бошанд, бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ доранд.

Абдусамадова Х.Ғ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *