ВАТАНРО ЧУН ГАВҲАРАКИ ЧАШМ ЭҲТИЁТ ВА ҲИМОЯ МЕНАМОЕМ!

Мо, зиёда аз 100 нафар ҳайати омӯзгорон ва кормандони Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” бо роҳбарии директори муассиса Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан соати 0400 субҳи 22 июли соли 2021 бо бонги хатар дар омодагии ҷангии артиш таҳти унвони “Марз-2021” иштирок доштем.

Аз руҳия ва омодагии кормандони донишкада ҳангоми иштирок дар ҷамъомад таҳти унвони “Марз-2021” барало маълум буд, ки кормандони донишкада дар қатори дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ баҳри ҳимояи оромии сулҳу субот ва амнияти давлати азизамон Тоҷикистон омода мебошанд.

Ватанро дӯст доштан, миллатро дӯст доштан аз амалҳои беҳтарини ҳар як инсон мебошад. Ҳар як фаъолияте, ки мо амалӣ менамоем, бояд ба хотири Ватан ва миллати азизамон бошад

Марзи Ватан мисли Ватан муқаддас аст. Дар масири таърих гузаштагони пурифтихори халқи тоҷик арҷгузорӣ ба марзи Ватан, пос доштан ва муҳофизат намудани онро вазифаи муқаддас ва пурифтихори хеш дониста, баҳри ҳимояи он ҳатто ҷони худро низ дареғ намедоштанд ва ҳимояи онро қарз медонистанд.

Истиқлолияти давлатии мо низ дар натиҷаи ҷоннисоркуниҳои бепоёни фарзандони фарзонаи миллат, ки давоми асрҳои тӯлонӣ талошу кӯшиш доштанд, ба даст омадааст. Аз хуни онҳо замини аҷдодӣ лолагун гаштаву пайҷойи қадами онҳо бароямон муқаддас аст. Он орзуҳои неке, ки аҷдодони мо нисбат ба истиқлолият доштанд ва ин орзуҳо ба ормон табдил ёфта буд, бо баробари ба даст омадани Истиқлолияти Давлатӣ ҷомаи амал пӯшид.   Гарчанде чандин маротиба дар арсаи таърих давлатҳои миллии тоҷикон арзи вуҷуд кардааст, давлати навини тоҷикон нигини зебое дар таърихи давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кард, ки сулҳу субот дар Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осон ба даст наомадааст.

Мо ворисони миллати тамадунофари тоҷик ҳамеша баҳри ҳимояи марзу буми Ватан омода ҳастем ва Ватанро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳимоя менамоем!

Аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, вазифаи муқаддас – истиқлолияти худро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавонро дар руҳияи ваҳдату ягонагӣ, ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намуданро пеша дорад.

 

ЗОКИРОВ П.М., ҳуқуқшиноси МДТ ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд    

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *