Муҳаммадиқболи Садриддин, фарзанди Қаландар Садриддинзода, яке аз роҳбарони собиқ ҲНИТ буда, худро ҳомии адолату дин ва ватандӯст эълон мекунад, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ тухми нифоқу парокандагиро дар қалби мардум кишт мекунад, ва бо ин амалҳои разилонаи худ ҳаргиз наметавонад дар дили мардуми тоҷик бо номи нек ҷой бигирад. Билохир дар асоси шикояти се нафар шаҳрвандон дар бораи қаллобии ӯ Прокуратураи генералии Тоҷикистон маълумот ба нашр расонид.
Аммо худи ӯ қаллобиашро инкор мекунад, ва даъво дорад, ки нисбаташ тӯҳмат кардаанд, вале нисбати ягон кас прокуратураи генералӣ барои тӯҳмат парванда боз намекунад. Ин сухан воқеият дорад, ки ӯ маблағи 430 ҳазор долларро аз се нафар гирифта, аз шаҳри Дубай ба Бишкек ва сипас ба кадом як мамлакати хориҷа фирор карда, маблағҳои гирифтаашро ба шаҳрвандон барнагардондааст.
Ин амали М.Садриддин бори дигар собит мекунад, ки пайравони Кабирӣ ва дигар муҳоҷироне, ки дар Аврупо қарор доранд ва худро “ҷоннисорони” ватан ҳисоб мекунанд, ҳаргиз ҷонфидоияшон воқеӣ набуда, онҳо танҳо барои пиёда кардани манфиатҳои шахсиву муғризонаашон дар Аврупо қарор доранд.
Дар урфият мегӯянд, ки офтобро бо доман пӯшонида намешавад. Аз ҳамин сабаб ҷиноятҳои хоинони миллат рӯзе ошкор мегардад. Ҳамон тавре, ки ҷиноятҳои Муҳаммадиқболи Садриддин рӯи об баромад, ҷиноятҳои дигар хоинон низ фош хоҳад гашт.
Беҳтар он аст, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ба ҷинояташ иқрор гардида, аз онҳое ки маблағ гирифтаасту барнагардонидааст, пулҳояшонро баргардонад. Ӯ иброз мекунад, ки гӯё аз касе қарздор нест, баръакс ӯ ба дигарон дар ҳаҷми 741 ҳазор доллар қарз дода бошад. Аз ӯ пурсида мешавад, ки ин гуна маблағи калонро як журналист аз куҷо ҷамъ карда бошад? Бигузор М.Саддриддин ба ҷинояташ иқрор гашта маблағҳои гирифтаашро баргардонад, ки ин ба фоидаи худи ӯст.
Ҳомидова Дилафрӯз
корманди бахши табъу нашри донишкада