Чанд соли охир баъд аз мутолиаи маводхои нашрияхои хусусии мамлакат, ки мазмуну мундаричаи асосии онхо аз гараз, кинаю адоват, танкидхои беасос, барангехтани падидахои номатлуби махалгарои, миллатчиги иборат аст ва мўхтавои онхо барои ояндаи миллат, сохти давлатдории точикон, истиклолияти миллии мо ва вахдати миллию истикрори сулх дар чумхури хатар эчод менамоянд, бинобар он зарур аст афкору андешахои худро иброз намоем. Кайд кардан зарур аст, ки дар мамлакатхои мутаракки ва чомеаи демократии давлатхои гарб, гарчанде озодии баёни андеша мавчуд бошад хам, вале хамеша манфиатхои умумимилли ва ватандори химоя мешавад. Мутаассифона дар матбуоти даврии мо хамин масъала, яъне хуввияти ватандори ва манфиатхои милли эхсос карда намешавад. Хар як шумораи нашрияхои дар боло зикршударо мутолиа намуда, баръало эхсос кардан мумкин аст, ки маводхо пурра даъват ба гараз, игво, хусумат, кинаю адоват, мочарои миллию махалли ва хатто динию наҷоди мебошад. Масалан, маводе, ки дар хафтаномаи 1.Бовари дорем кулли мардуми чумхури бар он акидаанд, ки дар оянда ҳамаи гурўҳҳои ғайри қонуние, ки дар ҷумҳури амал карда истодааст аз байн мераванд..
ВАТАНДОРӢ ВА МАНФИАТХОИ УМУМИ МИЛЛӢ
Дар нашрияи «Тирози ҷаҳон» зери лавҳаи «Баҳри амнияти миллӣ» мақолаи собиқ аъзои ҲНИТ, ки ин ҳизбро соли 2013 тарк кардааст, Муҳаммадиқболи Бохтарӣ дар мавзӯи «Чаро роҳбарони ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон мазҳаби Ханафиро фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабулкардаанд?» дарҷ гардида буд. Муаллиф барҳақ таъкид мекунад, ки ««имрӯзҳо дар расонаҳои гуногуни хориҷӣ ва интернетӣ роҳбарони ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бешармона дар бораи ватан, миллат, мазҳаб ва ғайра гап мезананд ва хонандагонро ба гумроҳӣ бурданӣ мешавнд». Дар ҳақиқат аз давраи ба расмият даромадани фаъолияти ҲНИТ, аз тарафи ин ҳизб васеъ истфода бурда шудани шиорҳои инқилобии исломии Эрон, фарқ кардани тарзи баргузории намоз, дар нашрияи худ бо номи «Наҷот» чой додани маводи тамоюли шиадошта, номгузорӣ шудани фарзандони сарварони ин ҳизб бо номҳои пешвоёни мазҳабишиа, ки дар ватани мо чандон маъмул нестанд ва даҳҳо далелҳои дигар мушоҳида мегарданд, ки аломати аз мазҳаби таҳаммулгароёна, анъанавии халқи мо рӯ гардонидан, хиёнат намудани сарварон ва аъзоёни фаъоли он мебошад. Оҳиста-оҳиста ҲНИТ пурра ба зери мазҳаб ва сиёсати ҷаҳонии шиамазҳабон гашта, узвияти «Ҳаракати байналхалқии бедории ислом»-ро қабул кард ва соли 2013 раиси ин ҳизб М.Кабирӣ муовини роҳбари ин ҳаракати байналхалқӣ интихоб гардид. Бояд гуфт ки «Ҳаракати байналхалқии бедории исломӣ» як ҳаракати динӣ ва сиёсии ифротгарои мазҳаби шиа буда, қувваҳои динию сиёсии шиа ва шиагароро дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон муттаҳид мекунад. Бадгӯӣ ва тӯҳматҳое, ки собиқ шаҳрванди Тоҷикистон Саидюнус Бурҳонови гуреза, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон сарпаноҳ ёфтааст, нисбати Ватани маҳбуби мо, аломати равшани хиёнат нисбати зодгоҳ, ватан ва мазҳаб мебошд. Беҳуда нест, ки як гурӯҳ бошандагони бонангу номуси Истаравшани бостонӣ ба сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номаи кушод муроҷиат кардаанд, то ки чорае андешад, ки ин ватанфуруши хиёнаткор ақалан тахаллуси «истаравшаниро» истифода набарад. Тавассути воситаҳои ахбори умуми гуногун ва шабакаҳои интернет паҳн намудани даъвои чунин одамон аз қабили гурезагон ва аъзоёни фирории ҲНИТ дар бораи ватандӯстиву ватанхоҳии онҳо дурӯғ, фиребгарии маҳз аст, зеро чунин афрод кайҳо Ватану миллат ва мазҳаби худро барои пулу сарват фурӯхтаанд. Мардумиморо, махсусан ҷавононро зарур аст аз чунин падидаҳо ҳазар кунанд, онҳоро маҳкум намоянд.