Ватан хонаи умеди мост

Мардуми тоҷик, ки худ фарҳанги бою ғанӣ ва маданияти воло дорад, дар мубориза бо ҳама гуна падидаҳои бегона муваффақ гаштааст. Ҳар як фарди баору номус ва бонанги ин сарзаминро мебояд, ки ба хотири нигоҳдошт ва таъминии оромиву суботи кишвар ва ҷомеаи мутамаддин саҳми сазовори хешро гузошта бошад. Албатта ин салоҳу амонӣ осон ба даст наомадаст. Барои ба даст овардани он фарзандони фарзонагон талоши зиёде ба харҷ додаанд. Модари тоҷик аз азал фарзандонеро ба дунё овардааст, ки барои миллати хеш ҷони худро сипар сохта, барои насли оянда ҳаёти тинҷу осударо эҳё сохтаанд. Агар бар зиддди зуҳуроти номатлуб ва гурӯҳҳои муташакилонаи миллаткуш сарҷамъона мубориза барем танҳо ҳамон вақт метавонем, ки барои имрӯзи ҳаёт ва фардои насли наврас заминаи хуби фазои ободро таъмин менамоем. Бояд  тазаккур дод, ки имрӯз дар пешорӯи мо ҷавонон вазифае меистад, ки ба хотири ояндагон бештару бештар андешем. Тавре дар расонаи ВАО ба мо маълум аст, таҳти роҳбарии яке аз ҳизби терористӣ эълоншудаи наҳзатӣ, барномаҳои бисёр “ ҷолиб” вале дар асл ҳузнангез барои зиндагонии мардумон паҳну пахш гардидааст.  Ҳамин кирдорҳои ваҳшиёна кофӣ нест, ки бо мардумрабоиву гумроҳкунӣ даст мезананд.  Сад ҳайфи он, ки ҳатто аз эҳтироми шири сафеди модари худ гузашт карда, барои вайрон кардани давлати худ саҳм гирифтан мехоҳанд.  Охир то ба  кай ин носипосон дар паси пардаи ҷаҳолат амалҳои разилона анҷом дода, бо ин амал бегонагону манфиатҷӯёнро хурсанд мекунанд. Дар асл дӯст доштани Ватан, ҳимояи арзишҳои миллии мо бошад аз тарафи дигар боиси сарфарозию ифтихори  Ватан аст. Мо ҷавонон  ҳамавақт танҳо барои пешравии ҷомеа кӯшиш менамоем, ки Ватан ободу гулгулшукуфон  бошаду мардум озод.

Мо, омӯзгорони ҷавони факултаи тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ  ДИС ДДТТ сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи  Ҳукумати Тоҷикистонро ҳаматарафа  дастгирӣ  карда, дахолати онҳоеро, ки аз хориҷа  истода нисбати сиёсати имрӯзаи  давлати мо тӯҳмат мезананд, сахт маҳкум менамоем.

Мо медонем, ки аксарияти онҳо ҳамон шахсоне мебошанд, ки дар солҳои 90-ум аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои заруриро гирифта, ҳамчун зархаридони хоин Тоҷиистони азизи моро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида буданд. Аммо он воирӣ бо қаҳрамониву ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик аз ин вартаи ҳалокат раҳои ёфта, имрӯз ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувори худро гузошта истодааст.  Имрӯз халқи тоҷик дӯстиро  аз душманон фарқ карда мешаванд ва дигар фирефтаи хоинон нахоҳанд гашт.

Мо ҳамеша  кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки на фақат донишҷӯёнро, балки аҳолии маҳаллиро низ дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯсти ва ҳуввияти  миллӣ тарбия намоем.

 

 

 Фирӯза Абдурашидова

                                                   асиссенти кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *