ВАСВАСААНГЕЗИҲОИ НАВБАТИИ КАБИРИРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

        Мушоҳидаҳо собит менамояд, ки пас аз аёну исбот шудани  амалҳои разилонаи наҳзатиён, боз Кабирӣ бо супориши хоҷагони хориҷиаш имрӯзҳо тариқи барномаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ васвасаангезиҳои навбатиашро идома дода истодааст. Масалан дар ҳафтаи авали моҳи июли соли равон Кабирӣ  бо ақидаҳои ғаразнокаш аз сомонаҳои интернетӣ дар барномаи “Гулчини сухан” баромад карда, мардумро  боз гумроҳ кардан кӯшиш намуд. Кабирӣ дар рафти баромадаш ба суоли як афроди муҳоҷир, ному насабаш номаълум посух дода, нисбати масоили мӯҳоҷирати меҳантии шаҳрвандон, аз ҷумла Иззат Амонро пуштибонӣ намуда, бо ин васила бахусус мӯҳоҷирони ҷавонро ба шаҳодат расидан даъват намуд. Наҳзатиён ва роҳбараш Кабирӣ дониста бошад, ки  мардуми бонангу номуси шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону ватанфурӯш, ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодааст.

Таъкидан ба хоинони миллат гуфтанием, ки аз ҳар минбару барномаҳои ифротиашон номи Тоҷикистонро ба забон наоранд! Наҳзатиён набояд аз минбарҳо садо баланд кунанд.Чунки онҳо ватанфурӯш ва бадхоҳони миллат ҳастанд, ки ба ин таърих гувоҳ аст. Бинобар ин даъват ба амал меорем ва нагузорем, ки хиёнаткори миллат – Кабирӣ ва пайравонашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо васвасаангезиҳо ва дасисабозии худ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон  сухан гӯянд.

ШАРИПОВ А.К.,

мудири шуъбаи мониторинг ва

назорати сифати таълими ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *