ВАКСИНА – РОҲИ НАҶОТ АЗ БЕМОРИИ COVID-19

Ҳамагон огоҳ ҳастанд, ки маҳз ваксинакунонӣ боиси аз байн рафтани бемориҳои вазнину нохуш гаштааст. Имрӯз низ ҷаҳон бо бемории сироятии COVID-19 дар ҳоли бархурд қарор дорад ва хушбахтона маҳз бо қобилияти зеҳнии инсоният ваксина ва ё подзаҳр дар муқобили ин беморӣ ихтироъ шуд ва умед дорем, ки сайёра ба зудӣ дар муқобили бемории болозикр пирӯзӣ ба даст хоҳад овард.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша саломатии оммаро дар мадди аввал гузошта, аз оғози паҳншавии бемории навъи короновирус дар ҷаҳон, баҳри таъмини сиҳатии мардум аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намуда истодааст.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 83 «Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии СOVID -19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз санаи 22 марти соли 2021 маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни гурӯҳои осебпазири аҳолӣ марҳала ба марҳала гузаронида шуд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар чорабинии муҳими иммунизатсиякунонии аҳолии ҷумҳурӣ оғоз гардид.
Ин буд, ки доираи иқдоми наҷиб ва бо талошҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати ваксинакунонии ҷомеаи мамлакат бар зидди бемории COVID-19 дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAХ) бар зидди бемории COVID-19 ваксинаи ширкати Британиягии Оксфорд “AstraZaneca”, ки тибқи иҷозатномаи он дар “Пажӯҳишгоҳи зардобаҳои Ҳиндустон” (Serum Institute of India) истеҳсол шудааст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардид. Ин номгуй ваксина 15 феврали соли 2021 ба рӯйхати маводи иммунобиологии дар ҳолатҳои фавқулодда истифодабарандаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба қайд гирифта шудааст. Алҳол аз он беш аз 60 давлати ҷаҳон истифода бурда истодаанд.
Тибқи Нақшаи миллӣ дар марҳалаи аввал ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм гузаронида шуд.
Имрӯзҳо байни мардум бобати ваксина ва оқибати таъсири он ба саломатӣ боиси сар задании овозаҳои беасосу бардурӯғ гаштааст. Аслан чунин сару садоҳо асоси воқеъӣ надошта, бо боварӣ метавон гуфт, ки мардуми оқил худ моҳияти аслии чунин овозаҳои беасосу бемантиқро дарк намуда, нақши худро дар баргузори маъракаи ваксинакунонии омма дар кишвар гузошта истодаанд.
Ҳамзамон дар хотир бояд дошт, ки муқобили бемории короновирус, асосан риояи чораҳои пешгириву гигиенаи шахсӣ, парҳез аз ҷойҳои серодам, баланд бардоштани масунияти бадан маҳсуб ёфта, риоя бечунучаро онро аз ҳар шаҳрванди кишвар тақозо дорад.
Воқеан мақсади аслии роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ва масъулини соҳаи тандурустӣ пеш аз ҳама барои ҳифзи солимии миллат нигаронида шудаааст. Аз ин лиҳоз ҳар фарди бонангу номус бояд аз пештара дида бештар муттаҳид бошем. Ҳеч гоҳ ба овозаҳои бемантиқу беасос фирефта нашуда, ба ҳарос ва воҳимаву таҳлука роҳ надиҳем.

Т.САЛИМОВ,
сармутахассис оид ба
сомонаи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *