ВАҚТ ДОВАР АСТУ ТАЪРИХ ГУВОҲ

Дар урфият мегўянд, ки вақт довар асту таърих  гувоҳ. Воқеан, дар ҳамаи давру замон барои аз байн бурдани амну осоиштагии мардум маҳз қувваҳои сеюм таъсиррасонӣ мекунанд ва нофаҳмиву иғворо бармеангезонанд. Ёдовар мегардем, ки хусусан солҳои 90-ум бо чунин шакл таъсиррасониҳо буд, ки аз ин ҳолат собиқ ҲНИ истифода бурд ва ниҳоят дар Тоҷикистон ҷанги бародаркуш ба миён омад. Тамоми фаъолиятҳои тахрибкорона, табоҳкорона ва сӯзандаи наҳзатиҳо дар Тоҷикистон маҳз аз воқеаҳои февралии соли 1990 шурӯъ шуда буданд. Далелҳои аниқи раднопазир, хулосаи комиссияи тафтишотӣ, нақли садҳо шоҳидони он воқеот кори дасти наҳзатиҳо будани ҳодисаҳои феврали соли 1990 ва гунаҳкори он даҳшат будани онҳоро исбот кардаанд, ки дигар ягон шубҳае боқӣ намемонад. Баробари ин бояд қайд кард, ки тариқи барномаҳои телевизонии ҷумҳуриву маҳаллӣ филмҳои ҳуҷчатии “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва “Хиёнат”намоиш дода шуд, ки бо далелҳои раднашаванда амалҳои содирнамудаи собиқ аъзоёни ҲНИ, бахусус Кабирӣ бори дигар аёну тасдиқи худро ёфт.Душманони миллат аз тасдиқи содиршавиии ҷиноятҳояшон хулосабарорӣ накардаанд ва то ба ҳол барои мафкурапардозон сабақ нашудааст. Алҳол фирориёни ин ҳизби терористиву ифротӣ бо номи ТТЭ ҲНИ эълон шуда, дар хориҷа паноҳ ёфтаанд ва тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба масоили дин, «адолат», «нақзи ҳуқуқи инсон» даъво мекунанд. Вале, боре нашуда, ки гиребони худро бў кардану амалҳои хешро дар тарозуи воқеият баркашида, ба хулосае оянд, ки чӣ кори баде барои ҷомеаи Тоҷикситон ва чӣ хиёнате барои дин ва миллат кардаанд. Хотиррасон мекунем, ки дини мубини Ислом бояд поку озодона бимонад, дин ба сони офтобест, ки аз нурхои ҷонбахши он ҳамагон истифода баранд ва дар ниҳоят диндорӣ як кори доимии шахс бо Худои хештан аст. Аммо наҳзатиён хостанд аз дини мубини Ислом сўистифода кунанд. Чунки хоҷагони хориҷиашон ин гуна муносибатро ба онҳо ҳам бо маблағ ва ҳам бо раҳнамоиҳои маънавӣ меомўзонанд. Метавон қайд кард, ки мардуми кишвар аз ношукрии Кабирӣ ва пайравонаш хуб огоҳ ҳастанд. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш нисбати кишвари мо, ки бо нону намак ва обу ҳавои ин диёр ба воя расидаст суханҳои бардурӯғ ва сиёҳкунанда мезанад. Ба хориҷа рафта, аз пушти ким кадом хоҷагони хориҷӣ истода, ба самти Тоҷикистон санг мепартояд.Ин хиёнат ба Ватан аст!

Бояд воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта ва ошуби соли 2015 барои ҷомеаи Тоҷикистон як дарсе бошад ва мо ҳушёр бошем, ки неруҳои бадхоҳ, табоҳкори наҳзатӣ дигар дар Ватани мо ҳузур пайдо накунанд ва нақшаҳои нопоки худро татбиқ карда натавонанд.

М.ФАЙЗИЕВ,
ассистенти кафедраи кафедраи
математекаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *