ВАҲШИСИФАТОНИ БОҒИ ВУҲУШ!

         Дар тамоми таърихи башарӣ барои пойдории миллат ва давлати хеш қавмҳо ва миллатҳо бо роҳҳои гуногун вобаста аз донишу технологияи сиёсӣ ҷиҳати нигоҳдошти ҳувияту ҳайсияти хеш ҷоннисориҳо намудаанд, ки ин мероси гаронбаҳои аҷдодӣ то имруз ба назар мерасанд ва ифтихори ҳар як фарди ҷомеаи имрӯза аст! Воқеан фарди солимақлу худотарс пайваста амалу гуфтаҳои худ дар тарозуи ақлу диёнат баркашида хавфи онро дорад, ки дар охират тӯшааш зиёд аз адлу имон бошад. Вале, на ҳама афрод чунин тафаккури солими зеҳнӣ доранд. Ба мушоҳида мерасад, ки нафарони баднафси тобеъю побанди шайтони лаин бо осонӣ хоки поки Ватан, меҳру муҳаббати макони аҷдодӣ ва арзишҳои дигари олии инсонӣ бар ивази маблағе бадал кардаанду тӯтивор гуфтаҳои хоҷагони маблағгузорашон такрор мегӯянд. Дар ротиба ба ин, ҳақиқати аёни чунин ҳол раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ- ро мисол меорем, ки дар барномаҳои ифротӣ бо номои “Минбари муҳоҷир”, ”Ҳақ ва ботил” ва амсоли ин бештар инъикос меёбад, ки ваҷоҳати ҷоҳилона ва лафзи қабеҳи Кабирию Муҳаммадиқбол шахси бофарҳангро ба ғазаб меоварад. Саропо суханҳои ин палидон бофтаю сохтаанд! Бо ибораҳои ташбеҳӣ агар қайд кунем, Кабирию Муҳаммадиқбол – бузакҳо дар чарогоҳи бегона – кишварҳои Аврупо мечараду маҷбур нидои чӯпон – супоришҳои хоҷагонашро иҷро кунанд! Дигар илоҷе надоранд. Маҷбуранд, ки имрӯз тӯтиву пагоҳ рӯбоҳ, рӯзи дигар чуғзу мурғак, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳо карда, бо фитнагариву дасисабозӣ донае дарёбаду зиндагӣ кунанд. Барои таъом- донаю хошок ва пулу мол ба хоҷагон виҷдон ва имонро фурӯхтаанд. Хулоса, нодониву гумроҳӣ яке аз омилҳоест, ки афроди ноогоҳро ба доми манфиатҳоҳон – хоҷагони хориҷӣ савқ медиҳад. Ин палидони ватанфурӯши хоин пайваста минбару мавқеъ иваз мекунанд, ки чун бӯқаламун ранги пусташонро дигаргун мекунанд!

                  

          Раҳбарияту пайравони кӯтоҳандешони ифротзадаи ТТЭ ҲНИ- ро ақлу тамизе нест, ки дарки ҳақиқат кунанд! Ҳатто, воқеияти ҳолро бо биноӣ дида, баҳои ҳаққонӣ дода наметавонанд. Кабирию Муҳаммадиқбол – ҳамдунасифатон аз маркаб пасттаранду ору номус, шаъну шараф надоранду надонанд! Саропои ин афроди муғризи палид танҳо дасисаву фитна, иғвою фиреб асту ҷойи мувофиқе дар майнаи пучи онҳо ба ақлу тамиз, фаҳму фаросат, дарки воқеият намондааст! Хулоса раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ қудрати тағйир додани мафкураи солими ҷомеаро надоранду танҳо чанде нафарони соддалавҳу чаласаводро гумроҳу сарсон, овораи ҷаҳон месозанду халос!

          Андешаи хешро хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки мо – шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем. Барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем. Дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст. Биёед сарҷамъу якдилона раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ, ки ангуштшуморанд, нобуд созему насли ҷавонро аз онҳо эмин нигоҳ дорем!

 Ф. ҚУРБОНОВ,

мудири бахши кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *