ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЯИ СУЛҲ АСТ

Имрӯз дар айёме, ки аз ҷониби пиру барнои кишвар ҷашни мубораку муқаддас 21-солагии иди Ваҳдати миллӣ бо шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатӣ, давлатдории миллӣ, сулҳу суботи пойдор ва дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта ва имрӯзаву ояндаи кишвар таҷлил менамоянд. Рӯзе, ки дар кишвари азизи мо бо имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» дар таърихи 27 июни соли 1997 сулҳу сафо, оромиву осудагӣ, оштию ваҳдатро дубора барқарор намуда буд. Ба шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем, ки ба мунокишахои дохили ва муковимати мусаллахона хотима бахшида, ба мархалаи навини Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини вахдати милли ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хочагии халки Тоҷикистон ва рушди онхо оғоз намоем.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллатипарешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Воқеан Вахдат — беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдати миллиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд.
Эҳёи Ваҳдати миллӣ ва созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоиятии ҷомеа иборат аз он буда, ки он пеш аз ҳама миллати тоҷикро аз парокандагӣ ва Тоҷикистони азиз ва муқаддасро аз пора пора гардидан ва ба нестӣ расидан раҳоӣ бахшад. Моро ҳушёри мебояд, ки ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам амалӣ ин санади тақдирсозро ҳифз намуда бақадри он расем. Қаҳрамонии Асосгузори сулҳи ваҳдати милли, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, наслҳои ҳозира ва ояндаи тамаддунофари мо ин дастовардҳоро донанд ва аз он, сабақгиранд. Халқи Тоҷик ҳамеша бо қалби пок, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ, меҳрубонию самимият умр ба сар бурда, минбаъд баҳри шукуфо гардонидани мулки аҷдодӣ сидқан ҷаҳду талош варзанд.Давлати соҳибистиқлоли мо бо шарофати Ваҳдати миллӣ ба дастоварда ҳамасола барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, истиқлолияти энергетики, раҳои ёфтан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти озуқавори зина ба зина амалӣ рӯ ба тараққӣ намуда истодааст. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки бо кӯшишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгирии мардуми меҳнатдусти кишварамон тамоми мушкилоти иқтисодию иҷтимой бартараф шуда, зиндагии босаодати халқи азизамон таъмин хоҳад гардид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *