Мусаллам аст, ки имрўз дар ҷомеи ҷаҳонӣ ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва гурўҳҳои манфиатхоҳу манфиатҷўи ифротгаро, алалхусус ДИИШ ва ё бо номи “Давлати исломӣ”, “Ал-Қоида”ва амсоли инҳо ба назар мерасанд. Муовофиқи маълумоти расонаҳои хабарӣ имрӯз дар ҷаҳон беш аз 500 ҳизбу ҳаракатҳои динию ифротгаро ва созмонҳои террористӣ ошкору пинҳонӣ фаъолият доранд. Барои монеъ шудан ба фаъолиятҳои ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои гумроҳкунанда аксарияти давлатҳои дунё ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамарўза талош варзида истодаанд. Таҳдидҳои террористӣ шаклу усулҳои тозаро касб карда, ҷуғрофиё ва доманаи онҳо васеъ гардида, тарзҳои содир намудани ҳамлаҳои террористӣ ва ҳадафҳои онҳо тағйирёбандаанд. Дар робита ба ин, кишвари ҳамсояамон Афғонистонро мисол овардан бамаврид аст. Дар ин кишвар асосан ДИИШ фаъолиташро ошкоро ба роҳ мондааст. Ҳоло чандин ҳазорҳо ҷангҷӯ, ба гуфтаи коршиносон, ДИИШ шеваи фаъолияти худро дигар карда, ба гуруҳҳои алоҳидаи пайраваш такя мекунад. Бештари ҷангҷӯёни ДИИШ, ки дар Сурияву Ироқ истифода аз аслиҳаву маводи тарканда ва усулҳои ҷангро омӯхтаанд, асосан дар қаламрави Афғонистон фаъолияташро густурда намудаст. Ин ташкилоти террористию экстремистии зикршуда дар қаламрави Афғонистон бештар амалҳои терористӣ содир намуда, баробари ин ҳамкориро бо дигар гуруҳҳои ифротӣ ба роҳ мондааст ва бо ҳар роҳ ҷавнононро, ки берун аз кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, гумроҳ намуданаш ба мушоҳида мерасад. Боиси тазаккур аст, ки солҳои қаблӣ садҳо нафар шаҳрванди кишвари мо низ ба Ироқу Сурия рафта, ба сафи гурӯҳҳои ифротиву террористӣ, аз ҷумла ба ДИИШ пайвастаанд. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои террористию экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида мардумро бовар кунониданиянд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост ва ин роҳу воситаро истифода бурда, мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан, истифода баранд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо, мо борҳо мисолҳо оварда будем ва мисол меорем, ки мувофиқи расонаи хабарӣ бо номи “Sabah”-и кишвари Туркия, моҳи январи соли 2023, як нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар якҷоягии шаҳрванди кишвари ҳамсоя бо аъзоёни ДИИШ ҳамкорӣ намуда, дар шаби Соли нави милодӣ дар ҳудуди шаҳри Истамбул барои содир намудани амалҳои террористӣ омодагӣ дида буданд ва оқибат аз ҷониби мақомоти дахлдори Туркия дастгир карда шуданд.
Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамаи чораҳо андешида шуда истодаанд, аз қабили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, фаро гирифтани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, сохтани масҷидҳои замонавӣ, табъу нашр кардани китобҳои динӣ ба забони модарӣ, ташкили барномаҳои динию ахлоқӣ дар садову симо, чопи мақолаҳо дар рӯзномаю маҷаллаҳо, созмон додани ҳизбу ҳаракатҳо. Ин ҳама чорабиниҳо дар барномаҳои дурнамои тараққиёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ таҷассум ёфтааст. Роҳбарияти Тоҷикистон дар асоси санадҳои дохиливу байналхалқӣ муборизаи худро бо терроризм ба роҳ мемонад. Асосҳои ҳуқуқии муборизаи зидди терроризм дар заминаи низоми ҳуқуқӣ – қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» сурат мегирад. Дар қонун субъектҳои бевосита ва бавоситаи мубориза бар зидди терроризм дар Тоҷикистон нишон дода шудааст. Баробари ин, бояд қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳо дар минбари сатҳи баланди байналмилалӣ ва дастуру супоришҳо, алалхусус, зимни суханрониҳояшон дар Паёмҳои хеш пайваста қайд менамоянд, ки “Терроризм ватан, забон, наҷод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад”.
Таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории дарси сулҳ дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик маънидод ба ҳисоб меравад.
Қайд кардан зарур аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2023 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ҳангоми ба ифтитоҳ бахшидани бинои Донишгоҳи тиббӣ иштирок ва суханронӣ карда, қайд намуданд: “Дар чунин вазъи хатарзои ҷаҳони муосир ҳушёрии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳед, нагузоред, ки қувваҳои бадхоҳ ба зеҳну андешаи шумо ва ҳамсолони шумо таъсири номатлуб расонанд.”
Баробари ин, вобаста ба суханрониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаи хешро намуда, қайд кардан зарур аст , ки аз баргузории Рӯзи дониш- дарси сулҳи навбатӣ аз ҳар ҷиҳат ба мафкураи наврасону ҷавонони мамалакат таъсир расонида, дар рӯҳияи эҳтироми сулҳу оромии мамлакат, илму маърифат ва Ватани аҷдодӣ тарбия ёфтани онҳо мусоидат хоҳад кард, зеро бидуни ташаккули зеҳнияти хонандагони соҳибистеъдод ва бе омӯзонидани донишҳои муосир, таъсиси озмоишгоҳҳо ва ворид намудани технологияҳои нав наметавон ба ҳадафҳои неку ояндасози худ ноил шуд ва рушди минбаъдаи сармояи инсониро дар мамлакат таъмин намуд. Фаромӯш набояд сохт, ки ояндаи ободи Ватани аҷдодиамон ба донишандӯзии имрӯзаи наврасону ҷавонон вобастагии амиқ дорад.
М. МАМАДҶОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ