Дар ДИС ДДТТ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Усулҳои инноватсионӣ дар таълиму тарбияи донишҷўён ва таҳсилоти фосилавӣ” баргузор гардид.
Бо сухани ифтитоҳи муовини директор оид ба таълим, номзади илми иқтисод, дотсент Абдуғафур Қаюмов конфронсро ифтитоҳ намуда, зикр намуд: “Боиси хурсандӣ ва сарафрозист, ки конфронси ҷумҳуриявии мо дар рўзҳое баргузор гашта истодааст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанди бостонӣ ташриф оварда, дар ифтитоҳи чандин корхонаву муассисаҳо ширкат варзида, бо ҳидоятҳои ибратбахш ҳамаи моро ба сўи созандагию бунёдкориҳо раҳнамоӣ намуданд”.
Маврид ба зикр аст, ки ҳанўз аз рўзҳои аввали ба арсаи сиёсат ворид гардидани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъсиси давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаҳои қавии сиёсати иқтисодӣ гузошта шуданд. Пас аз расидан ба сулҳу субот ва оромии комил дар иқтисодиёти Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ба миён омаданд ва то ҳол як силсила мушкилоту монеаҳои мавҷудаи ҷомеаи навин бартараф гардида, таҳкурсии давлати соҳибихтиёр гузошта шуд. Корҳои азими бунёдкориву созандагӣ ва ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардида, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун самтҳои асосӣ ва стратегӣ дар меҳвари сиёсати давлат қарор гирифтанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш борҳо таъкид менамоянд, ки: «Имрўз дар ҷаҳон рушди илму технология ва ҷараёни корҳои инноватсионӣ суръати рўзафзун пайдо карда истодааст. Ва табиист, ки мо низ аз ин раванди пешрафту тараққиёти ҷаҳони мутамаддин дар канор буда наметавонем”.
Таҳсилоти фосилавӣ – тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофа бе иштироки бевоситаи шахсии омўзгор ва таълимгирандагон имконпазир мегардонад. Таҳсилоти фосилавӣ зинаи нави рушди таҳсили ғоибона ва ҳам рўзонаи таҳсил буда, дар он истифодаи технологияҳои иттилоотӣ таъмин шудааст, фарқияти он аз намуди ғоибонаи таҳсил дар он аст, ки қисми муҳими маводи таълимӣ на соҳибихтиёрона, балки пайваста бо муносибат бо омўзгор (машварат бо воситаи почтаи электронӣ, скайп, семинарҳо дар реҷими оnlinў) азхуд мешавад.
Баъдан И. Иброҳимов, номзади илмҳои физикаю математика оид ба таҳлили усулҳои ташкили таҳсилоти фосилавӣ, профессори кафедраи ҷомеашиносӣ М. Мирбобоев дар мавзўи “Ҳадафи таълим – ташаккули тафаккури илмӣ” маърўзаҳои илмӣ намуданд. Ҳамчунин Р. Мавлонов, номзади илми иқтисод, дотсенти кафедраи идоракунии иқтисод ва маркетинги ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва С. Бобоев муовини декан оид ба илми факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ перомуни баъзе аз самтҳои фаъолияти инноватсионии омўзгор фикру мулоҳизаҳояшонро баён доштанд.
Конфронс дар чор бахш идома ёфта, беш аз панҷоҳ мақолаҳои илмии устодон шунида ва муҳокима карда шуд. Дар назар аст, ки маҷмуаи мақолаи устодон дар конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Усулҳои инноватсионӣ дар таълиму тарбияи донишҷўён ва таҳсилоти фосилавӣ” дар шакли китоби алоҳида ба нашр мерасад.
Нуъмон Раҷабзода