Бояд ёддовар шавем, ки аз оғози солҳои 70-80 қарни гузашта ҲНИ бо дархости хоҷагони хориҷии худ ҷавононро ба худ ҷалб намуда сафи худро дар Тоҷикистон зиёд намуд. Соли 1991 ҲНИ расман ҳамчун ҳизби сиёсӣ дар саҳни сиёсат пайдо гардид. Аммо касе намедонист, ки онҳо нияти нопок доранд. Онҳо нақшаҳои худро пинҳонӣ то чанде дар амал татбиқ намуданд. Ин боис гардид, ки ҷанги дохилӣ сар занад. Пас аз итмоми ҷанг онҳо боз бо нақшаҳои ғаразноки хеш руи майдон омаданд. Моҳи сентябри соли 2015 низ амалҳои нобахшидании худро анҷом дода боиси марги чанд тан бегуноҳон гардиданд. Аз замони табаддулоти пофарҷоми ТТЭ ҲНИ инак соли сеюм сипарӣ мешавад.Ин ташаккулаи террористии хиёнатпеша,аз роххои қонунӣ ба даст овардани си сиро натавонист ва ба интихоби порлумони соли 2015 ду курсии дар порлумондоштаро аз даст дод,шеваҳои хашини фаъолиятро истифода кард. Ин табаддулоти мазкур бори дигар мағшуш шудани фазои кишвар гардид. Онҳо нақшаҳои худро пинҳонӣ то чанде дар амал татбиқ намуданд. Ин боис гардид, ки ҷанги дохилӣ сар занад. Пас аз итмоми ҷанг онҳо боз бо нақшаҳои ғаразноки хеш руи майдон омаданд. Моҳи сентябри соли 2015 низ амалҳои нобахшидании худро анҷом дода боиси марги чанд тан бегуноҳон гардидан. Роҳбарони ТЭ ҲНИ, ки дар дарозои замони мавҷудияти хеш кореро ба ҷуз аз хиёнат ба миллат анҷом надода буданд ва ҳамеша аъмоли онҳо зидди озодӣ ва истиқлоли миллӣ буда, бори дигар ба халқу ватани худ хиёнат карданд.
Ин ташкилоти террористӣ пас аз созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳам аз ғаразу ҳамоқатҳои хеш даст накашида ба тарзи мудовом ба террори ақидагӣ машғул шу два аз озодиву имконҳое, кидар заминаи ин созишнома ба даст оварда буданд,кўшид то ҷомеаро сахт мазҳабиву ҳуруфотӣ ва таассубзада намояд.Афкори пучу бемояи ин ҳизб зеҳни ҳазорон ҷавононро вайрон намуда,сабаби ба гуруҳҳои террористӣ пайваст шудани онҳо гардид.Қайд кардан ҷоиз аст,ки аз тарафи ҳамин гуна нафарон ҳамагуна хиёнатро интизор шудан мумкин аст. Аҳли ҷомеа ва мардуми шарифи Тоҷикистон дигар ба афсонаҳои ТТЭ ҲНИ бовар надорад.Барои мардум аз ҳама муҳимтар суботи иҷтимоӣ ва сулҳу оромӣ мебошад. Ба ҳама маълум гардидааст, ки даъвату гуишҳои раёсати ин ҳизб на роҳнамоикунанда, балки гумроҳикунандаанд. Ҳамаи мушкилотро мо танҳо дар сулҳу осоиштагӣ бароварда карда метавонем.
Аз ин рў, ҳар фарди миллатро зарур аст масъулиятшинос шуда ,барои халқу ватани худ покдилона хизмат намояд. Ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва бар зидди душманони миллат муттаҳид бошем. Дар ҷаҳони муосир пайдо шудани ҳар гуна равияҳои ба мардумони олам бегона боиси халалдор кардани ҳаёти осоиштаву бонизоми кишварҳои дунявию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.
Файзиева С.А.