ҒУРУБИ ҶАҲОНИШАВӢ ВА ОҒОЗИ ТАШАККУЛИ ҶАҲОНИБИСЁРҚУТБА: ПАСМАНЗАРАИ ҲАЁТИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ ВА МАЪНАВИИ ТОҶИКИСТОН

Яке аз падидаҳои муҳим ва муракакби замони муосир, ки атрофи он баҳсу мунозираҳои доманадор сурат мегирад, раванди ҷаҳонишавӣ мебошад. Агар ба феҳрасти китобҳо ва мақолаҳои илмии солҳои охир интишор гашта, рӯзномаи конференсияю “мизҳои мудаввар” – и баргузоргашта назар андозем, шоҳиди он мегардем, ки ин падида на фақат мавзуи баҳси олимони ҷомеашинос, балки иқтисоддонҳо, сиёсатмадорону коршиносон табдил ёфта, дар бораи он ақидаҳои мухталиф баён мегарданд. Хусусан баъди оғози Амалиёти махсуси Россия дар Украина ва дар заминаи он арзёбӣ гаштани ғояи бунёди ҷаҳони бисёрқутба, дар атрофи падидаи ҷаҳонишавӣ нуқтаю назарҳои гуногун баён гашта, коршиносон дар бораи ғуруби ин раванд ва оғози ташаккули модели нави манзараи олам, яъне дар ақсои олам ташаккулёбии ҷаҳони бисёрқутба ибрози ақида менамоянд. Вобаста ба ин, дар фазои илмҳои ҷамеашиносӣ, хусусан фалсафаю сиёсатшиносӣ андешаҳо дар бораи мақому манзалати давлатҳои пасошӯравӣ дар низоми нави замони муосир ҳувайдо мегарданд, ки ба онҳо бояд ҷавоб гуфт. Зарурияти ба ин муаммо равшанӣ андохтан дар он зуҳур меёбад, ки низоми сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон зери фишори рақобати ИМА ва Россия – аз як тараф ва Россияю давлатҳои ғарби дастаҷамъона аз тарафи дигар, тағйир ёфта, зарурияти ба воқеъияти нави баамаломада мутобиқ гаштани давлатҳои пасошӯравиро ба миён овардааст.
Оё давлатҳои соҳибистиқлоле, ки дар фазои пасошӯравӣ арзи вуҷуд намудаанд, ба ин кор қодиранд ё не? Муҳим будани ин савол дар партави вохӯриҳо дар формати 5+1 аввал дар Амрико, баъд дар Олмону Чин ҳамоиши давлатҳои туркзабон, боз ҳам актуалӣ мегардад. Саволе ба миён меояд, ки ин як лаҳзаи бозии сиёсии байни Амрикову Россия баҳри пайдо намудани шарикон дар мавқеъгириҳо аст, ё ин кишварҳои абарқудрат дар ҳақиқат ҳам мехоҳанд ба давлатҳои тавсеаёфтаистодаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳамкории ҳасанаро ба роҳ монда, барои рушди устуворӣ устуворашон мусоидат намоянд. Шахсан ман ба ин шубҳа дорам, ки каме поёнтар ба ин масъала бармегардам. Ба ақидаи сиёсатшиноси тоҷик Р.Хайдаров ин раванд аз омилҳо тамоюлҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодии ҷаҳони муосир; оғози амалиёти махсуси Россия оид ба аз байн бурдани ғояҳои неофашизм ва демилитаризатсиякунонии Украина ва оғози “Ҷанги дуюми сард”; ташаккули ҷаҳони сеқутба бо ширкати Россия, Чин ва ИМА; суратафзо гаштани ҷараёни деглобализатсия, ва табдилёбии гуруҳҳои фаромилии исломӣ ҳамчун маркази қувваи деструктивӣ дар низоми муносибатҳои байналмиллалии ҷаҳони муосир, вобаста мебошанд. Бо чунин масъалагузорӣ бояд рози шуд, зеро тавре, ки худи ҳамин муаллиф таъкид менамояд дар ин ҷо сухан нафақат аз боби амнияти давлат ва ҷомеа меравад, балки мавқеъгириҳои давлатҳои пасошуравӣ дар ин раванд стратерияи рушди давлатҳоро дар даҳсолаҳои оянда муайян менамояд. Дар ин робита, яке аз масъалаҳои вобаста ба тамоюлоти ташаккул ва рушди ҷаҳони бисёрқутба вобаста аст, ин азнавдарккунии истилоҳ ва раванди ҷаҳонишавӣ мебошад. Бояд тазаккур дод, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ муҳаққиқони тоҷик ин мавзӯро аз бисёрҷиҳат мавриди омӯзиш қарор додаанд. Дар ин тадқиқотҳо раванди ҷаҳонишавӣ ҳамчун падидаи объективӣ муаррифи гашта, ҷанбаҳои мусбат ва манфии он, таъсири он ба рушди иқтисодиёту фарҳанги миллӣ, ташаккули соҳаи махсуси илм бо номи “глобалистика” ибрози ақида намудаанд. Вобаста ба истилоҳи “ҷаҳонишавӣ” ҳамин нуктаро қайд намудан зарур аст, ки таърихи пайдоиши ин мафҳум низ дар асарҳои номбурда мавриди омӯзиш қарор идода шуда, нисбати он андешаҳои мутазод баён гаштаанд. Муҳаққиқи тоҷик Данаева К. бар ин ақида аст, ки истилоҳи “ҷаҳонишавӣ” ҳамаги таърихи 40 – сола дорад. Муҳаққиқони дигар чунин меҳисобанд, ки тамоми таърихи инсониятро ҳамчун раванди бефосилаи ба ҳам наздикшавии ҷомеаҳову давлатҳо ҳисобида, таърихи онро тахминан ба 500 сол баробар меҳисобанд. Муҳақиқи дигари россиягӣ Арутюнян К.С. таъкид менамояд, ки “тибқи луғатномаи инглисии оксфорд раванди ба ҳам наздикшавии сиёсату иқтисодиёт ва илму фарҳанги кишварҳои гуногун тули 400 сол мушоҳида гашта, фақат аз соли 1960–и асри ХХ мафҳуми “глобализатсия”ҳамчун ифодакунандаи ин раванд, мавриди истифорда қарор дода шуддаст”. Дар муайян намудани таърихи пайдоиши мафҳуми “глобализатсия” дигар нуктаю назарҳо низ ҷой доранд, аммо таҳлилу омӯзишҳо собит менамоянд, ки раванди ҷаҳонишавӣ дар дигар шаклу мазмун ҳамеша пайгири ҷомеаҳо мебошад. Ба фикри мо, дар зинаҳои хеле поёнии рушди ҷомеа ба ҳам муттаҳид гаштани одамон баҳри қонеъ гардонидани талаботҳои моддию маънавӣ, омехта гаштани қавму қабилаҳо, хислати умуми пайдо намудани хоҷагидорӣ ва дар ин замина ба вуҷуд омадани халқият, миллат, синфҳо, давлат ва рақобати байни онҳо муғҷаҳои аввалини ҷаҳонишавӣ буданд, гӯем хато намекунем. Асри 3- 4 пешаз мелод Андешаи Искандари Мақдун ҳангоми вафоти Гефест Муҳаққиқони хориҷиву ватанӣ таъкид менамоянд, ки дар давоми асрҳои ХIХ-ХХ дар олам тағйиротҳои бунёдӣ ба монанди муошират, ҳамгироӣ, маблағгузорӣ ва дарки дигари манзараи олам ташаккул ёфта, мазмун ва мундариҷаи ҷаҳонишавиро тағйир доданд.

Дар охири асри ХХ ва ибтидоӣ асри ХХI, он як раванди нави рушди глобалии инсониро муайян кард, ки он дар адабиёти илмӣ таҳти истилоҳи “ҷаҳонишавӣ” сабт шудааст, ки роҳи минбаъдаи рушди сайёраи моро тарҳрезӣ мекунанд. Вай зуҳури худро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ нишон медиҳад. Аммо баъди оғози амалиёти махсуси Россия дар Украина ва дар шароити аз ҷониби ИМА ва САҲА ҷори гаштани санксияҳо нисбати Россия ва дигар давлатҳо дар соҳаи иқтисодиёт, сиёсат, соҳаи иҷтимоӣ, фарҳанг, рафту омад ва буду боши одамон бисёр сиёсатшиносон ва коршиносон дар бораи ғуруби ҷаҳонишавӣ иброза ақида намуда истодаанд. То кадом андоза ин андешаҳо қобили қабуланд? Ба андешаи мо, барои ҷавоби ин савол ду ҷиҳати глобализатсияро мавриди таҳлил қарор додан зарур аст:
1) ҷаҳонишавӣ ҳамчун раванди объективии ҳамгироии давлатҳо дар соҳаи иҷтимоиёту иқтисодиёт, техника, технология;
2) ҷаҳонишавӣ ҳамчун ғоя. (идеология)
Дар ин робита, муҳаққиқи рус А. Дугин ду намуди ҷаҳонишавӣ – “воқеӣ” ва “зарфиятӣ” – ро нишон додааст. Намуди аввалро ӯ “ҷаҳонишавии иҷборӣ” номидааст ва он ба воситаи қувваҳо ва абзори “Шимоли сарватманд”, кишварҳои НАТО ё ба истилоҳ “миллиарди тиллоӣ” амали мегардад. Ба фикри мо, дар ин ҷо истифодаи мафҳуми “иҷборӣ”каме баҳснок аст, зеро тавре, ки мушоҳидаҳо собит менамоянд, дар замони тағйирёбиҳои глобалии техникиву технологӣ бе ҳамгироии давлатҳо дар соҳаҳои дар боло зикр гардида тавсеа бахшидани иқтисодиёти давлатҳои нисбатан суст тараққи карда ғайри имкон аст. Аз ин лиҳоз, давлатҳои тавсеаёфтаистода ба таври объективӣ, бе маҷбур кардан ҳам ба сӯйи ҳамгиройию ҳамкорӣ майл доранд. Масалан, кишвари мо ба вазъияти мураккаби иҷтимоию сиёсии ҷаҳон нигоҳ накарда, тибқи сиёсати “Дарҳои кушод” барои тавсеа бахшидани иқтисодиёти миллии худ бо даҳҳо давлатҳои дуру наздик ҳамкориҳои ҳасанаро ба роҳ мондааст, ки он ба манфиатҳои миллиамон мувофиқ аст. Баробари ин, бояд зикр намуд, ки принсипҳои асосии ҷаҳонишавӣ ҳанӯз охири солҳои 80-уми асри ХХ дар консенсуси Вашингтон, ки аз тарафи Хазинаи байналмиллалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ бо дастгирии ИМА корбаст шуда буд, муайян карда шуда буд. Ҳадафи асосии он ба таври фарогир паҳн намудани таҷрибаи иқтисодиёти бозорӣ новобаста аз сарҳадҳо ва манфиатҳои миллии давлатҳо муайян карда шуда, мубаллиғони неолиберализм ба шавқи том мафҳуми глобализатсияро ҳамчун раванди табии ва ғайриалтернативии ва абзори асосии рушди ҷаҳони муосир муаррифӣ намуда буданд. Аммо таҷрибаи рушди иҷтимоии ҷаҳони муосир ҳар чи бештар зиддият ва ноумедиҳои ин равандро нишон медиҳад. Аз ҷумла, яке аз ҳадафҳои асосии ҷаҳонишавӣ таъмини рушди иқтисодиёти кишварҳои нисбатан суст тараққи намуда ва ба ин васила паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ эълон гардида буд. Аммо воқеъият чунин аст, ки раванди ҷаҳонишавӣ на фақат нобаробарии иҷтимоиро заиф мегардонад, балки ин ҷараёнро вусъат бахшида, масофаи байни дороён ва камбизоатон, давлатҳои мутараққӣ ва сусттараққинамударо афзоиш медиҳад. Масалан, аз рӯи маълумоти коршиносони СММ фақат бойигарии 1% аҳолии рӯи замин, ки ба қишри дороён марбутанд, ба даромади 57% аҳолии камбизоаттарин қишри аҳолии курраи замин баробар аст. Бо суръати бемисл ва даҳшатнок афзудани фарқи қишри дороёну нодорон, муборизаи беамон барои захираҳо, бозори истеъмолоти ҷаҳон, экспансияи фарҳангии мамлакатҳои ғарб ва дигар бо ном “арзишҳо” –и сиёсати неолиберализми ИМА ва давлатҳои Ғарб муқовимати давлатҳои алоҳида ва минтақаҳоро тезутунд гардонида, сабаби арзи вуҷуд намудани ҳаргуна ғояҳои деструктивӣ дар шакли экстремизмва терроризм гашта истодааст. Тамоюли рушди модели ҳозираи ҷаҳонишавиро таҳлил намуда муҳаққиқи тоҷик М.А. Назар нуктаҳои зеринро иброз намудааст.”Аввалан, ҳангоми объективона такмил додани тақсимоти қувваҳои истеҳсолкунанда дар миқёси ҷаҳонӣ, корпоратсияҳои фаромиллӣ оқибатҳои иҷтимоии ин амали худро сарфи назар карда, ҳалли масъалаҳои ба вуҷудомадаи иҷтимоиро ба зиммаи давлатҳои миллӣ гузоштаанд, дар сурате, ки давлатҳои миллӣ на ҳамеша барои вокуниш ба ин масъалаҳо захираҳои кофӣ доранд. Сониян, нобаробарии иҷтимоӣ афзоиш ёфт ва мувофиқан, ихтилофу низоҳо дар заминаи муносибатҳои «начандон одилона»-и иҷтимоӣ дар кишварҳои ҳам пешрафта ва ҳам дар ҳоли рушд зиёд гашт. Сеюм, ҷаҳонишавӣ, ки «калидҳо»-и рушди иқтисоди ҷаҳонро дар ихтиёри корпоратсияҳои фаромиллӣ ва бонкҳои фаромиллӣ гузошт, имкониятҳои татбиқи стратегияҳои миллии рушди давлатҳои алоҳидаро маҳдуд намуда, манфиатҳои ҳамон қисми элитаи ҳукмрони маҳаллӣ ва соҳибкоронро поймол кард, ки бо фаъолияти ин корпоратсияҳо алоқаманд набуданд. Ин боиси афзоиши ташаннуҷ дар арсаи ҷаҳонӣ гардид”. Оғоз аз ин лаҳза ҷаҳонишавӣ на балки ҳамчун раванди объективии рушди иқтисодӣ, балки бештпр идеологияи экспансионии давлатҳои абарқудрат ташаккул ва рушд меёфт. Дар атрофи ҷаҳонишавии “зарфиятӣ” ё ба таври дигар ҷаҳонишавӣ ҳамчун идеология низ баҳсу мунозираҳои шадид сурат мегиранд, ки бе асос нестанд. Доираи баҳсу мунозираҳо аз эътирофи бечунучаро ва таърифу тавсифи арзишҳои бегона ба фазои иҷтимоию фарҳангӣ ҷомеаҳои суннатӣ ворид шаванда, то танқиди он ҳамчун шакли нави колониализм муайян мегардад, ки ин раванд на фақат ба ҳаёти маънавӣ, балки ба истиқлолияти сиёсии давлатҳо таъсири худро мегузорад. Дар ибтидои ин раванд самтҳои афзалиятноки ҷаҳонишавӣ чунин муайян гашта буданд:
1) ғояйи таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон;
2) бартарии демкоратия нисбат ба дигар шаклҳои ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ;
3) тарғиби ғояйи афзалиятнокии иқтисоди бозорӣ нисбат ба иқтисодиёти нақшавӣ;
4) ошкорбаёнӣ ва дар ҷаҳонбинии одамон устувор намудани андешаи “муоширати иҷтимоӣ беҳтар аз изолятсия” ва баҳри амали намудани ин андеша ба таври густурда паҳн намудани дастовардҳои технологияҳои иттилоотиву коммуикатсионӣ, қабл аз ҳама интернет.
Дар назари аввал чунин менамояд, ки амали намудани ғояҳои мазкур ягон хатару таҳдид ба бор намеоварад. Аммо бадии кор дар он аст, ки тавлидкунанда ва тарғиботчии фаъоли ин арзишҳо давлатҳои Ғарб буда, онҳо арзишҳои мазкурро дар афкори ҷамъиятии дигар кишварҳо тибқи қолабу ҳадафҳои худ ҷори намуда, афзалияти бечунучарои стратегияи рушди неолиберализмии ғарбиро тарғиб менамоянд. Воқеияти нави иҷтимоӣ, ки натиҷаи ҷаҳонигароӣ мебошад, моро водор менамояд, ки ин падидаро азнав дарк намоем, паёимадҳо ва таъсири онро ба ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии Тоҷикистон муайян намоем.

Р.СОЛИҶОНОВ ,
профессори кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *