УМРАТ, ЭЙ МЕҲАНАМ, ҶОВИДОН БОД!

Эй Ватани маҳбубам! Тоҷикистони ҷаннатмакону марғубам, кишвари азизам, гавҳари фазилату тамизам. Сарзамини ниёгони шарафмандам. Ҷонам, ҷаҳонам, қудрату тавонам. Туро бо тамоми вуҷудам дӯст медорам. Ба ҳаққи Яздону ба ҳурмати Хотами паёмбарон, ба шарафу бузургии модар, поси эҳтирому виқори падар, ба дурахши меҳру муҳаббати бародару хоҳар, ба таҷаллии самимияту меҳрубонии ёри хонадону табассуми тифлон, ифтихори фарзандону пайвандон ошиқи ҳусну ҷамоли нотакрори туям, эй Тоҷикистон!

Ту бароям беҳтарин армуғони Худованди Бахшандаву Меҳрубонӣ, Ту баҳри ман хуршеди беғуруби виҷдонӣ, Каъбаи имонӣ, Қиблаи ҷонӣ, асли руҳу равонӣ, эй Ватани ягонаам!

Бадахшонат сари баландам, Зарафшонат баҳористони вуҷудам, Ҳисори шодмонат дидагони дурахшонам, Хатлонат ҷасорату матонати ҷонам, Рашту Вахши нозанинат Рахши рӯҳам, Суғди бостонат виқору шукӯҳам ва Душанбеи дилороят тахти бахту иқболам ман аст.

Эй Ватан, эй «Шаҳнома»-и сарнавишти ман!

Эй Модари ғамгусору нусратёри ман!

Ту бароям бӯстони хурраму ҳамешаҷавонӣ, ганҷи ҷовидонӣ, сарзамини саодатӣ, гулистони раҳмату саховатӣ, барояндгоҳи баракату марҳамати Яздонӣ, чаманистони файзу шарофатӣ. Имрӯз дар ҳар гӯшаву канори ту ҷашну сурур аст. Фарзандонат дар фасли Меҳргон 29-умин баҳори гулафшони Истиқлолатро таҷлил менамоянд. Ман мехоҳам, ки дар ин айёми саъду муборак армуғони идонаи худ, яъне таронаи ишқу ихлосамро нисори номи баландат намоям. Биёед, эй ҳамватанони азизам, рози муҳаббати мани тоҷикро ба Тоҷикистони азизам бишнавед!

Ватан! Ту замини поки падаронӣ, марзи садоқати ниёгонӣ. Таърихи туро фарзандони фарзонаву фидокорат бо хуни дил дар авроқи ҷовидонии ному ифтихори худ навиштаанд. Барои озодӣ, ободӣ ва оромии Ту аз сару ҷону вуҷуди худ гузаштаанд. Ман рост мегӯям, эй Ватан!

Туро Куруши Кабир дар ҳафт иқлими ҷаҳону нӯҳ табақаи осмон шуҳратманд гардонид. Спитамени диловар душмани ғаддори ту – Искандари ғосибро заҳракаф намуд. Тоҳириёнат туро аз асорат озод ва Саффориёнат сафо бахшиданд. Оли Сомонат ҳастии худро фидои хуррамию сарсабзии ту намуданд. Ту, эй Ватан дар аҳди ҳукмравоии ин хонадони хуршедзамират сарзамини паҳновару маъмур ва фарзандонат шодмону масрур буданд. Дар он даврон Бухоро – пойтахти Сомониён ҳамчун шаҳри илму адаб ва ҳикмату хирад баҳористони рушду камоли миллат маҳсуб меёфт. Аз баракати адлу доди амирони Сомоннажодат Рӯдакии соҳибқирони шоирӣ гардид ва забони шевои тур обо ашъори дилнишину ширинаш умри дубора бахшид. Фирдавсӣ қомуси муҳаббати туро суруд. Бӯалӣ «аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал» асрори илмҳои гуногунро дар «Донишнома»-ву «Шифо» ва «Алқонун»-аш кушуд. Берунӣ ганҷҳои улуми табииро аз қаъри заковату истеъдод берун оварду фидои пояндагии ту намуд. Аммо ворисони имрӯзаат набояд аз хотир фаромӯш созанд, ки пас аз заволи салтанати Сомониён Ту бо ваҳшату фоҷеаҳои сахту ҷонгудоз рӯбарӯ гардидӣ. Турктозиҳои Қарахониёну Ғазнавиён, Хоразмшоҳию Салҷуқиён, ҳамлаи дахшатбори Чингизи хуношом ва калламоанорсозиҳои Темурланги ҷаллоду ҷаррор ҷисму вуҷуди Туро абгор намуданд. Бо вуҷуди ин, фарзандони номбардору донишниҳодат бо фуруғи ҷонпарвари хираду фаросати ва фазилату фитрати хеш, бо ашъори ҷонгудозу муъҷизаосои худ заҳмхои ҷисми поки Туро даво бахшиданд. Раҳнамоию иршоди пайвандони дилогоҳат душманони ҷони туро ба мубаллиғону тарғибгарон ва муҳофизони фарҳангу ойин ва забону адаби оламшумулат мубаддал сохт.

Дар солҳои бистуми асри бист дар натиҷаи табартақсими болшевикон ва хиёнати хоинони дохиливу хориҷиат Самарқанду Бухорои ту аз даст рафту моли бегонагон шуд. Имрӯз мо бояд холисона иқрор шавем, ки гарчанде Ҳукумати қудратманди Шӯравӣ давлати адолатпарвари иҷтимоиро бунёд карда буд, вале ҳамаи дастовардҳои он барои мо тоҷикон ба ивази қурбониҳои зиёди маънавӣ ба даст омад. Чунки бунёдгузорон ва сарварони ин давлати қудратманд, дар назди бузурии асолати забону фарҳанги фарзандони Ту, эй Ватан оҷизу нотавон буданд. Имони ростин ва диёнати ҷигарбандони туро таҳаммул карда наметавонистанд. Бинобар ин, бо баҳонаи «халқӣ кардани забон» ду маротиба хатти туро иваз карданд, то пайванди гузаштаву имрӯза ва ояндаи наслҳои огоҳи туро бибурранд. «Динро афюни халқ гуфта» қариб тамоми масҷиду маобиди туро бастанд. Донишмандони дилогоҳу мадрасахондаатро бадарғаву нобуд карданд. Аммо натавонистанд, қалами Айнӣ, ҷасорати Бобоҷон Ғафур, истеъдоди Турсунзодаро нобуд созанд, гарчанде ҷисман Шириншоҳу Нусратуллоҳ Махсум барин қаҳрамононатро ҷисман аз байн бурданд. Тайи солҳои 60 то 80-и асри гузашта зиёиёни боҳушат баҳри покизагии забон ва ҳимояи шаъну номуси Ту бархостанд. Халқ онҳоро ҷонибдору пуштибон шуд ва билохира сарварони Ҳукумати коммунистии вақт маҷбур гардиданд, ҷиҳати тақвияти мақоми забони модарӣ Қонуни забонро ба тасвиб расонад. Ага рана ҳамин раванди шаклгирии наҳзати худшиносии миллии ҷавононат ба дар солҳои аввали Истиқлол ба хоку хун кашида намешуд, имрӯз Ту тавонотар, шукуҳмандтар ва шукуфонтар мебудӣ. Аммо ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ… Не, аз ин чизе намехоҳам бигӯям. Танҳо аз ризоияту Ваҳдати миллӣ, ки бо шарофати Қаҳрамони сулҳат Эмомалӣ Раҳмон, ки ба қавли Қувват Давлат: «Оштӣ оварду оташ кард хомӯш» ва «Миллатеро аз ҷунуни худкушӣ овард бар ҳуш» мегӯям. Чунки аз баракати оштии миллӣ ва Ваҳдати халқ Тоҷикистон Ту ободу хуррам ва шукуфон гардидӣ, рушд намудӣ, сарсабз гаштӣ, кишвари сулҳ ва ошёни саодат ном баровардӣ. Дӯстонат хушнуд ва душманонат ғамгину дардманд шуданд…

Имрӯз ту кишвари шодию нишотӣ. Мардумонат раванди созандаию бунёдкориро вусат мебахшанд. Ба меҳнати софдилона аз пайи ободии Ту ҳастанд. Ман дуо мекунам, ки:

Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

Мирзоолими Мирзораҳим

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *