Умарова Меҳрона – ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ”

Як гурӯҳ донишҷӯёни ДИС ДДТТ дар озмуни “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” фаъолона иштирок намуда, сазовори дипломҳои дараҷаи якум, дуюм ва сеюм гардиданд.


Мавриди зикр аст, ки 48 нафар донишҷӯёни донишкада  корҳои илмии худро пешниҳод намуданд, ки 13-нафари онҳо ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои илмии худро ирсол намуданд ва аз ин шумора 5-нафар донишҷӯён барои таҳқиқотҳои назарраси илмӣ сазовори мақомҳои ифтихорӣ гардиданд.

Умарова Меҳрона донишҷӯи курсӣ 2 факултаи иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ, ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳонӣ  дар  мавзӯи “Саразм-оинаи  тамаддуни халқи тоҷик” ва иштироки фаъолона дар даври ҷумҳуриявии   озмуни  илмӣ- таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ -“Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ дар солҳои 2021″ дар бахши таърих, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои  табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ  дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040 сазовори дипломи дараҷаи 1-ум гардид. Умарова Меҳрона дар шаҳри Панҷакент таваллуд шуда айни ҳол истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон мебошад. Литсейи рақами 1-и  шаҳри Бӯстонро хатм намуда, бомувафаққият ба донишкада дохил шуда, худро донишҷӯи хушбахт мешуморад.

Аз хурди шавқу рағбати зиёде ба соҳаи гуманитарӣ  ва омӯзиши забони англисро дорад, мехоҳад баъди хатми донишкада як коргоҳи шахсии худро ҳамчун мутахассис оид ба соҳаи тиҷорат ташкил диҳад. Хондани китобҳои бадеӣ, аз ҷумла романтикию детективӣ ва пухтани таомҳои миллиро хеле дӯст медорад. Оянда ба Меҳрона Умарова дар таҳсил ва ба даст овардани комёбиҳои нав ба нав муваффақият хоҳонем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *