Тавре дар расонаи ВАО ба мо маълум аст, дар Аврупо яке аз собиқ ҲНИ, бо роҳбарии М.Садириддин тавассути шакабаҳои иҷтимоӣ барномаҳои иғвоангезонаи ифротгароёнашро пахш намуда, истодааст. Кирдорҳои ваҳшиёна ва бешарафӣ кофӣ нест, ки М.Садириддин боз ҷавоноро ба гумроҳ намудан даст мезанад. Сад ҳайфи он, ки наҳзатиён ҳатто аз эҳтироми шири сафеди модари худ гузашт карда, барои вайрон кардани давлати худ саҳм гирифтан мехоҳанд. Охир то ба кай ин носипосон дар паси пардаи ҷаҳолат амалҳои разилона анҷом дода, бо ин амал бегонагону манфиатҷӯён, амиқтараш хоҷагонашонро хурсанд мекунанд.
Набояд фаромӯш кард, ки мардуми тоҷик, ки худ фарҳангӣ бою ғанӣ ва маданияти воло дорад, дар мубориза бо ҳама гуна падидаҳои бегона муваффақ гаштааст. Ҳар як фарди боору номус ва бонанги ин сарзаминро мебояд, ки ба хотири нигоҳдошт ва таъминии оромиву суботи кишвар ва ҷомеаи мутамаддин саҳми сазовори хешро гузошта бошад. Албатта ин сулҳу амонӣ осон ба даст наомадаст. Барои ба даст овардани он фарзандони фарзонаи миллат талоши зиёде ба харҷ додаанд. Воқеан модари тоҷик аз азал фарзандонеро ба дунё овардааст, ки барои миллати хеш ҷони худро сипар сохта, барои насли оянда ҳаёти тинҷу осударо эҳё сохтааст.
Хулоса, мо бояд бар зидди зуҳуроти номатлуб ва гурӯҳҳои муташаккилонаи миллаткуш сарҷамъона мубориза бурда, барои имрӯзи ҳаёт ва фардои насли наврас заминаи хуби фазои ободро таъмин намоем. Дар асл дӯст доштани Ватан, ҳимояи арзишҳои миллии мо бошад аз тарафи дигар боиси сарфарозию ифтихори Ватан аст. Мо ҷавонон ҳамавақт танҳо барои пешравии ҷомеа кӯшиш менамоем, ки Ватан ободу гулгулшукуфон бошад ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии миллати тоҷик, бешубҳа, боиси боз ҳам баланд гардидани обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад.
Фирӯза Абдурашидова,
ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ