ҲУҶҶАТҲОИ ТАСДИҚКУНАНДА ИФОДАГАРИ ҲАҚИҚАТИ ТАЪРИХӢ АСТ!

 Имрӯзҳо моҳияти низоии марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ташаккули тасаввури дақиқ ва равшан дар бораи миёни қишрҳои гуногуни аҳолии кишвар буд ва мавқеи кишвар ба забони дигар ё дар шакли чанд нуктаҳое, ки аз ҷониби Абдулло Раҳнамо, коршинос оид ба масъалаи байналмилалӣ дар мақола бо номи дар мавзўи “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест? баён намудаст, дарку донистани он барои ҳамаи мо зарур аст. Илова бар мутахассисон, қишрҳои гуногуни ҷомеа ва ҳар як шаҳрванди кишвар бояд онро дуруст донад ва дар асоси санаду далелҳои қавӣ ба ин нуктаҳои содда ба дурустии мавқеи худ ва нисбати кишвари худ боварии комил дошта бошад. Ба ибораи дигар, вазъият ва масъалаи марзҳо ҳоло асири ҳолати тағийрёбандаи фазои сиёсӣ аст ва он ихтилофи дохилии сиёсию маҳаллии кишвари ҳамсоя гаштааст. Дар чунин ҳолат, қабули қарори мушаххас ва хусусан, кафолати иҷрои он аз тарафи кишвари ҳамсоя бисёр мураккаб буда ва гоҳҳо имконнопазир гашта истодааст. Нисбати рафтори намояндагони кишвари ҳамсоя дар он аст, ки дар тӯли гуфтугӯҳои марзӣ ҷониби Қирғизистон мавқеи худро на танҳо ба масъала, балки ҳамчунин нисбат ба “ҳуҷҷати такягоҳӣ” низ пайваста тағйир  додааст. Дар тӯли даҳсолаи охири гуфтушунидҳои дуҷониба, комиссияҳои ҳуқуқӣ ва давлатии ин кишвар вобаста ба манфиати ҷониби худ дар ин ё он қитъаи баҳсӣ ва ё вобаста ба гароиши ҳуқуқию сиёсии роҳбару аъзоёни пайвастанавшавандаи комиссия, ба ҳуҷҷатҳои гуногун такя менамоянд. Ин мавқеи тағйирёбандаи ҷониби ҳамсояро метавон муносибати интихобӣ ё «бозӣ бо ҳуҷҷатҳо» низ номид.

Дар “баҳси ҳуҷҷатҳо”, ки ҷониби Қирғизистон дида мешаванд, гӯё бо ин баҳс гоҳҳо “баҳси харитаҳо”-ро низ ба миён гузошта, нишон доданианд, ки минтақаи Ворух ҳануз пеш аз фурӯпошии ИҶШС дар баъзе харитаҳо чун ҷазира нишон дода шудааст. Албатта, дар солҳои гуногун баъзе ниҳодҳои илмию тадқиқотӣ ва қудратию сиёсӣ харитаҳои гуногунеро ба нашр расонидаанд, ки сарҳадҳои байни ду ҷумҳуриро ба баъзе фарқиятҳо нишон медиҳанд. Аммо дар ин бора бояд гуфт, ки аввалан, хатти расмии марзи давлатиро на харитаи чопии як ташкилот, балки ҳуҷҷати имзошудаи расмии давлатӣ ва байнидавлатӣ дар бораи сарҳадро муайян мекунад.Бояд қайд кард, ки ихтилофи амалӣ ва ҳам баҳси ҳуҷҷатҳо байни ду ҷониб дар марҳилаи нав низ идома ёфта, ҷиддитару печидатар шудааст. Табиист, ки бе донистани  моҳияти чунин масъала ва танҳо дар асоси шиору эҳсосот таъмин намудани ҷонибдории тӯлонӣ аз чизе хеле мушкил аст.Такя ба таҳлили амиқи коршинос А.Раҳнамо ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, ки  ифодагари ҳақиқати таърих аст, хулосабарорӣ намуда, эътимод доштан лозим аст, аз ҷумла:

  1. Он 211 000 гектар замини зикршуда аз назари таърихию қонунӣ маҳз ба Тоҷикистон тааллуқ доранд;
  2. Тоҷикистон ягон даъвое нисбати ягон порча аз Қирғизистони ҳамсоя надорад;
  3. Тоҷикистон танҳо мехоҳад заминҳои қонунии худро, ки феълан дар ихтиёри кишвари ҳамсоя аст, баргардонад;
  4. Ҷониби Қирғизистон аз баргардондани заминҳои ғасбшудааш саркашӣ карда, мехоҳад онҳоро расман ба ҳудуди худ дохил кунад;
  5. Тоҷикистон дар ин низоъ на «кишвари таҷовузгар», балки маҳз ҷониби зарардида ва заминбохта мебошад;
  6. Дар ин низоъ ҳақиқат ва адолат пурра ба ҷониби Тоҷикистон аст;
  7. Истодагӣ ва мавқеи давлат ва роҳбарияти кишвар дар ин масъала ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон мебошад;
  8. Дар ин баҳс аз ҷониби Тоҷикистон сухан на дар бораи ҳуҷуму ғасби хоки кишвари ҳамсоя, балки сухан дар бораи ҳимоя ва озодсозии хоки ватан ва ё рондани кишвари ғосиб аз қаламрави қонунии кишвари худ меравад.

                Ин мавқеи бархақ ва дифоъи муқаддасест, ки ҳимоя аз он барои тамоми ҷомеа зарур аст. Бинобар ин, доштани пояи мантиқӣ, ҳуқуқӣ, боварии рӯшану қатъӣ, аз ҷумла андешаи гаронарзиши коршинос  А.Раҳнамо дар бораи мавқеи Тоҷикистон дар ин мавзӯи ҳассос, барои ташаккули руҳияи ватандӯстонаи аҳолӣ ва муттаҳидии ҷомеа дар атрофи мавқеи давлат ва ҳифзи устувори марзи кишвар заминаи зарурӣ фароҳам месозад.

Манонова Р. А.

 дотсенти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *