Турсунов Фаррух

Турсунов Фаррух 9-сентябри соли 1964 дар ш.Душанбе дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1971 ба мактаби миёнаи №37-и шањри Душанбе дохил шуда, онро соли 1981 хатм намудааст. Соли 1981 ба факултети шарқшиносии ДДТ ба номи В.И.Ленин дохил шуда, соли 1986 бо баҳои хубу аъло хатм кардааст.

Соли 1986-1994 ба вазифаи лаборанти калон, соли 1989-1994 муаллим, соли 1994-1997 муаллими калони кафедраи фалсафаи Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино, соли 1997 то соли 2002 муаллими калони кафедраи фанҳои умумитаълимии Коллеҷи давлатии коперативию тиҷоратии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, соли 2002-2008 котиби Шӯрои олимони Комплекси ягонаи таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон номзади илмҳои фалсафа, аз соли 2008 то соли 2015 мудири кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, аз соли 2015 то соли 2018 котиби илмии Шӯрои олимони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва аз соли 2021 то инҷониб котиби илмии Шӯрои олимони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон хизмат карда истодааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *