ТУ КИСТИ КАБИРӢ?!

Ҳар боре, ки дар матбуоти даврӣ оиди ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ, роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ва думравонаш маводе чоп шавад, давраҳои мудҳиш ва барои миллати тоҷик бадбахтонаи солҳои 90-уми асри гузашта пеши назар меояд.

Бале он рӯзҳои мудҳише, ки ба сари миллати тоҷик омад онро танҳо ва танҳо як гуруҳ душманони миллат, ки атрофи Ҳизби наҳзати ислом ҷамъ омада буданд, ташкил намудаанд. Дар он давра аввалин маротиба хунрезии дастаҷамъона дар деҳаи Олӣ Совет-и ноҳияи Ленин имрӯза Рӯдакиро онҳо ташкил намудаанд. Арбобони илм, қаламкашон, шахсиятҳои барҷастаи миллати тоҷик Исҳоқӣ, Ғуломов, Олимпур, Муродулло Шерализода, Нурулло Ҳувайдуллоев аз дасти ин ноҷавонмардон кушта шудаанд.

Халқи тоҷик хуб дар ёд дорад, ки дар он солҳо Ҳизби наҳзати ислом бо роҳи фиреб баъзе одамони гумроҳро ба майдонҳо ҷамъ оварда , майнаи сари баъзе ҷавонони гумроҳро шуста, зинда ба зинда ҷанозаи онҳоро мехонданд, ки мислаш дар дигар созмонҳои терористии байналхақӣ вуҷуд надорад. Дар он давра дар дегҳо ҷӯшонида хурокҳои гуногун, бо яроқҳо таъмин будани тарафдорони онҳо дар минбар суханрониҳои Эшони Қиёмиддину Ғозиву, Мавлавии Аёмиддин ҷомеаро ба таҳлуқа андохта буд.

Дертар маълум гардид, ки таъминкунандаи моливу пулӣ ин бетартибиҳо Оятуллоҳову Охундҳои Ҳизби наҳзати исломӣ будаанд. Наҳзатиҳои гузаштаву имрӯза барои нафси худ Тоҷикистони азизро ба коми ҷанг кашида, ҳазорҳо-ҳазор халқи тоҷикро нобуд карда, ҳазорҳо хонаи тоҷикро вайрон намуданд.

Дар кадом асари Чингиз Айтматов оиди манқурт сухан рафта, чунин тасвир карда шудааст, ки Хоҷа мӯи сари ғуломи сари худро тарошида дар он пусти моли навкуштаро печонида мебандад, то он лаҳзае, ки мӯи сари ғулом аз нав рӯида ба қабати пуст надарояд. Пас аз ин ғулом манқурт мегардад.

Бале Кабирӣ ва думравонӣ ӯ ғуломи манқурти Охундаҳову Оятуллоҳо мебошад. Зеро дар сурати иҷро накардани хостаҳои хоҷагонашон, хоҷагон пустаки сари Кабириро гирифтани мешаванд. Талаб кардани пустаки сари манқурт барои ӯ ба марг баробар аст. Кабирӣ ва думравонаш гурге дар пустини меш мебошанд. Ҳарчанд онҳо медонанд, ки алакай пустини меш даридаасту симои гургии онҳо пурра аён аст.

Имрӯз хоҷагони Кабириҳо дарк кардаанд, ки Тоҷикистони имрӯза, Тоҷикистони солҳои 90-ум нест.

 Эй Охундҳо, Оятуллоҳо шумоён ба косалесонатон фаҳмонед, ки сиратон фош шудааст. Тоҷикистон бо сарварии фарзанди фарзонааш Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати воҳид, ҳамчун давлати пурқувват, ҳамчун давлати пешрафта мубаддал гардидааст. Халқи тоҷик дар атрофи Сарвараш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардидааст. Халқи тоҷик озод, хонаи тоҷик обод мебошад.

Имрӯз ягон нақшаи палидонаи хоинони миллат барои нооромии Тоҷикистони азиз кор намеояд, зеро халқи тоҷик симои разилонаи ин гуна шахсонро медонад ва мешиносад. Аз гул-гулшукуфоии Тоҷикистони азиз ҳар як фарзандаш меболад, мефахрад, дуст медорад ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунад.

Тоҷикистон мекунам шукри ками бисёри ту,
Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту.

Ман зи ту сарват намехоҳам Ватан ҳасти бас аст,
Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.

Саидзода Хоҷа,
Маҳмудов Шаҳзод,
устодони кафедраи тиҷорат ва
ҳуқуқи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *