ТТЭ ҲНИТ ва фаъолияти гуруҳҳои ифротгароро маҳкум менамоем!

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо худ оид ба вазъи имрўзаи бархе аз мамлакатҳо,ки дар он ҷо терроризму экстиримизм реша давондааст, бо изҳори нигаронӣ чунин қайд намудааст: “Бо назардошти воқеияти мавҷуда мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзўр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмину суботу амнияти фарогир тавассути андешидаи иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгарӣ ва з байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳоҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёби мекунем».

            Бо таври ғайри интизорӣ сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шарқӣ мусалмонӣ гардидааст. Давлатдории дунявӣ ҳам ифротгарои атеист ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатогии маҳз аст ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароенаро меафрӯзанд. Ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ, ТТЭ ҲНИ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлхо бахои дурусти худро медиханд зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд ки факатдавлати дунявию демократӣ метавонад динро тариқи дода роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дар баробари ҳамаи ин аққалиятҳое низ вуҷуд доранд ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд ки ин ақида маҳз хатоӣ ба шумор меравад.

            Соли 2016 бо Фармони Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи милли Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат терроризму экстиримизм барои солҳои 2016-2020» тасдиқ гардид.

            Ҳамаи ин монеаҳоро мо танҳо бо доштани ҳамон «силоҳ»-и пуриқтидор-зиракии сиёсӣ гузашта метавонем. Имрўз яке аз шартҳои асосии пойдории давлат, таҳким истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ дар кишвар ин сатҳи баланди зиракии сиёсии ҳар як сокини мамлакат, махсусан мо, шаҳрвандон, мебошад.

Фаёзова Маҳбуба Абдунасимовна,
асисстенти кафедраи назарияи иқтисодӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *