ТТЭ ҲНИ – ЗАРХАРИДИ ХОҶАГОНИ АҶНАБӢ

Аз мутолиаи маводи таҳлилӣ, умуман васоити ахбори умум ва  вебсайти байналмилалии интернетӣ собит менамояд, ки  ҳар чизе, ки дар Тоҷикистон дар доираи пандемияи коронавирус рӯй медиҳад, шукри Худо, тоқатпазир аст ва умуман  он паси сар шуда истодааст.  Бо вуҷуди ин мусбати мӯътадили иҷтимоӣ-сиёсӣ дар ҷомеаи мо, асосан ду се афроди мухолифини фирорӣ, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ мисли як зоғи сиёҳ мутазам тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ одамонро ба иғво андохта, ба ҳар хел ҳаракатҳои зидди конститусионӣ даъват намудан ташвику тарғибот менамояд.

Бояд қайд кард,ки дар баробари ошкор шудани симои аслии Муҳидин Кабирӣ  сарчашмаи маблағгузории собиқ хизби наҳзати ислом, ошкор ва тасдиқи худро ёфтааст. Имруз симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум аст ва мардуми Точикистон ӯро хамчун як нафари хоин, ватанфурӯш, беимон ва нокас мешиносанд. Муҳиддин Кабирӣ аз вакте, ки аъзо ва баъдан  роҳбари собиқ ҳизби наҳзати ислом шуданаш ба халку ватани худ хиёнат карданро сар кард. Имрӯз Кабирӣ собиқ ҳизбашро Паймони милли.. (калимаи Тоҷикистонро ҳамроҳ накардем ) ном гузошта, аз хориҷа истода дастовардҳои кишварамонро нодида мегирад ва бо ин васила обурую нуфузи Точикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ паст кардан кӯшиш дорад. Бояд ёдовар шуд, ки Кабирӣ бо собиқ аъзоёни ҲНИ солҳои 90-уми асри гузашта як маротиба халқи тоҷикро бо ҳам ҷанг андохта, Тоҷикистони азизи моро ба хоку хун оғушта карда буд. Маротибаи дуюм Кабирӣ ва ҳамаслаконаш моҳи сентябри 2015 кӯшиш карданд, ки Тоҷикистони гул гул шикуфта истодаро боз ба хоку хун оғушта кунанд. Дар робита ба ин имруз якқатор пайравони Муҳиддин Кабирӣ, бо далелҳои раднашаванда аз нақшаву мароми ТТЭ ҲНИ лоф мезананд, ки чаро Муҳидин Кабирӣ миллату давлат, дину оин ва мазҳаби худро фурӯхт. Малум шуд, ки беш аз як миллиону дусад ҳазор доллари амрикоиро барои табодуллоти Точикистон ба хоин Назарзода Абдуҳалим додааст. Ёдовар шуда, бояд таъкид кард, ки воқеан имрӯз Точикистон он давлати солҳои навадуми қарни гузашта нест ва мардуми он оқибати ҷанги шаҳрвандиро дида, ба худ хулосаи зарурӣ баровардааст. Дар ҳақиқат симои аслии роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ ва пайравониаш бори дигар аёну исбот гардид, ки бешак онҳо зархариди хоҷагони аҷнабӣ будаанд ва мемонанд. Ин матлаб дақиқан собит мекунад, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш боз ба дари хоҷагони худ бо дасти дароз ва сари хам рӯ оварда, бо умеди дарёфти пул барои идомаи фаъолияти ғайриқонуниву зиддибашариаш гардан каҷ карда, бо ин васила худро сафед кардан кӯшиш дорад. Бинобар ин имрӯз моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои бадхоҳони миллат дода нашавем. Ба мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ намоем ва аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем. Хулоса, барои мубориза бурдан бо душманони давлат ва миллат, хоинону, зархаридони хориҷӣ тамоми мардуми Тоҷикистон тайёранд.

Маҷидов А.,

дотсенти кафедраи

назарияи иқтисодӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *