ТТЭ ҲНИ – ЯКЕ АЗ РАВИЯҲОИ НОМАТЛУБИ ЗАМОН

Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни аҳзоби сиёсии кишвар, ҲНИ ягона ҳизбе буд, ки аз рӯзи ташкилёбиаш ба майдони сиёсат бо мақсадҳои ғаразнок ворид шуда буд. Миёни аҳолии кишвар ҳеҷ вақт нуфуз ва ҷонибдорони худро пайдо накарда, ба фано рафт.

Ба ҳамагон маълум аст, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияти ТТЭ ҲНИ терроризми сиёсӣ, миллатгароӣ, экстремизми динӣ ва амалҳои ҷиноӣ равшан зоҳир мегардид.

Мақсади ин ташкилоти экстремистӣ – террористӣ аз суст кардани амнияти мамлакат, ғасб ва аз худ намудани ҳокимияти давлатӣ, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалӣ гардондани фаъолияти террористӣ иборат буд.

Тайи чанд соли охир дар бархе аз кишварҳои ҷаҳони ислом, хусусан давлатҳои арабӣ – Сурия, Ироқ, Яман ва Афғонистон, амалҳои террористӣ содир шуда истодаанд. Бар асари ин вазъи сиёсӣ дар ин кишварҳо ҳанӯз ҳам ноором буда, мардуми осоишта қурбони амалҳои гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ мегарданд. Хусусан зуҳури гурӯҳи «давлати исломӣ» барои амнияти минтақа ва ҷаҳон  таҳдидҳои навро эҷод кардааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии  хушунатомез”, ки  дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали солҳои 90 -уми асри XX – ҳанӯз дар оғози бунёди давлати соҳибихтиёрӣ худ ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террористону ифротгароён бо дастгирии хоҷагони хориҷии онҳо қарор гирифт.

Вазъи сиёсии мамлакатҳои Исломӣ дар замони муосир хеле ноором аст, ки он бевосита ба тамоми мамлакати ҷаҳон таъсири манфӣ расонида истодааст. Равияҳо ва ҳизбҳои диниву экстримистии давлатҳои Исломӣ, давлати соҳибистиқолу дунявии тоҷикро низ ба гирдоби ҳалокатовари идеологияи динии худ кашиданианд. ҲНИ, ки дар гузашта дар сатҳи сиёсии давлатамон пурра фаъолият мекарду дорои рӯзномаи «Наҷот» ва сомонаи интернетӣ буд, ки бо воситаи он дар ҷомеаи тоҷик пешбарандаи идеологияи ифротгариву иғвогарӣ, ки бар зиддӣ сиёсати оқилонаи Президенти ҷумҳуриамон равон карда шуда буд, баромад мекард.

Амалиётҳои ғайриқонуние, аз тарафи ҳизби мазкур ташкил карда мешуданд пурра ба оғоз намудани ҷанги бародаркушӣ, сарнугун кардани давлати дунявии тоҷик, нест кардани ваҳдат ва ягонагии халқ, барпо кардани давлати Исломӣ, маҳдуд кардани озодии тоҷик равона карда шуда буданд. ҲНИ дини Исломро истифода бурда, амалиётҳои экстримистиву террористии худро баҳри ба даст овардани ҳокимият бо дини мубини Ислом пардапӯш карда, халқи тоҷикро ба ҷанги бародаркуш даъват менамуд. Варақаҳои ҳизбӣ, ки дар амалиёти кофтуковӣ аз ҷониби Прокуратураи генералӣ дар утоқҳои кории ҲНИТ дарёфт карда шуда буданд, шаҳодати зидди давлатӣ доштани ин ҳизбро муайян кард.

Мувофиқи моддаи 4-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» аз ҷониби Суди Олии ҶТ фаълояти ҲНИТ ҳамчун хизби экстримистиву террористӣ қатъ карда шуд. Нашри рӯзномаи «Наҷот» ва сомонаҳои интернетии ҲНИТ низ манъ карда шуданд. Баъд аз ин ҳодисаҳои пурмудҳиш, ки аз ҷониби ҲНИ ба сари халқи тоҷик омад, хабари алоқа доштани Эрон бо душмани халқи тоҷик сарвари ҲНИ – Кабирӣ М.Т. ҷомеаи тоҷикро ба ҳайрат овард. Аз тарафи Эрон даъват шудани М. Кабирӣ ба конференсия таҳти мавзӯи «Ваҳдати исломӣ» ягон шакку шубҳае нест. Эронро, ки шарики стратегии Тоҷикистон ба шумор мерафт, кунун чи тавр бояд шинохт? Дар ин ҳолат мақоле ба ёд меояд: «Дӯсти душмани мо, душмани мост». Дар натиҷаи аз тарафи Эрон дастгирӣ намудани М. Кабирӣ муаммоҳои зиёде ба амал омада, ба муносибати дустонаи байни Тоҷикистону Эрон рахнае зад. Умед дорем, ки сулҳу суботи давлатамон пойдор мемонад ва ягон ҳизбу равияҳои ифротгароӣ осмони софи тоҷикро тира намегардонад.

 

Қоситова М.

устоди кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *