Вақт довару таърих гувоҳ аст, ки дар баробари ошкор шудани симои аслии Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ҲНИ мардуми Тоҷикистон ин афродро ҳамчун хоину ватанфурӯш, беимон ва нокас мешиносанд. Воқеан Муҳиддин Кабирӣ аз вакте ки аъзои собиқ Ҳизби наҳзати ислом, айни замон ТТЭ ҲНИ шуданаш ба халқу ватани худ хиёнат карданро боз сар кард. Имрузҳо роҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ аз хориҷа истода, бо фармони хоҷагони хориҷиаш обурую нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷахонӣ паст кардан кӯшиш доранд.
Бояд ёдовар шуд, ки роҳбарияту аъзоёни ба ном Ҳизби наҳзати исломӣ, солҳои 90-уми асри гузашта як маротиба халқи тоҷикро бо ҳам ҷанг андохта, Тоҷикистони азизи моро ба хоку хун оғушта карда буданд. Маротибаи дуюм Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш, моҳи сентябри 2015 кушиш карданд, ки Тоҷикистони гул гул шикуфта истодаро ба хоку хун оғушта кунанд..
Имрӯз пайравони Муҳидин Кабирӣ, ки зери шиори ӯ ва нақшаву мароми ташкилоти ӯ лоф мезананд, аммо намегуянд, ки чаро Мухидини роҳбари ТТЭ ҲНИ дар рӯзи марги модараш кампири Сочак ва падараш бобои Тилло ҳузур надошт. Намегӯянд, ки чаро Муҳхидин Кабирӣ, миллату давлат, дину оин ва мазҳаби худро фурӯхт. Намегуянд, ки чаро 1 мил. 200 ҳазор доллари амрикоиро барои табодуллоти Тоҷикистон ба генерали хоин Назарзода Абдуҳалим додааст. Нақшаҳои баде, ки Муҳиддин Кабирӣ кашида буд, оқибат худ шармандаю берун аз кишвар фирор шуда, зиндагии муҳоҷирона дорад. Кабирӣ як афроди дарбадар дур аз Ватан аст. Чунин аст ҷазои чунин касоне, ки Ватану миллати худро мефурушанд.
Бояд қайд кард, ки имрӯз Тоҷикистон он давлати солҳои 90-и асри гузашта нест ва мардумони боору номуси кишвар барои мубориза бурдан бо душманони давлат ва миллат, хоинону, зархаридони хориҷӣ камари мардӣ бастаанд.
Дар интиҳои андешаи худ бояд қайд кард,ки аз дируза дида, имрӯз ҷавонони даврони соҳибистиқлол бояд зиракию ҳушёриро аз даст надода, дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъолро ба роҳ мондан, тақозои замон аст.
З. РАҲМАТОВА ,
устоди ДИС ДДТТ