ТТЭ ҲНИ ва хатари он ба Тоҷикистон

 

Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ гуфта буд, ки «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат бахшидани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои асосие, ки боиси майл кардани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ мегарданд, омили иҷтимоӣ мебошад. Гурӯҳҳои ифротгар ваъзъи пасти иқтисодии ҷавононро ба назар гирифта, ба ҷавонон молу сарватҳои зиёде ваъда дода,  онҳоро ба доми худ мекашанд. Сабаби дигари ба ин гурӯҳҳо шомил шудани ҷавонон, надоштани дониши хуби динӣ, ҷаҳонбинӣ ва надоштани зиракии сиёсӣ мебошад.

Боиси таассуф аст, ки баъзе созмонҳои байналмиллалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдаконро нодида мегиранд.
Дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои ҳар як тоҷику тоҷикистонї аввалиндараҷа ва ҳаёти муҳим ба шумор меравад.

Бо таври ғайри интизорӣ сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шарқӣ мусалмонӣ гардидааст. Давлатдории дунявӣ ҳам ифротгарои атеист ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динї хатогии маҳз аст ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароенаро меафрӯзанд. Ҳизбу ҳаракатҳои  дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар чомеа меҳисобанд. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлхо бахои дурусти худро медиҳанд зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тариққї дода роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дар баробари хамаи ин аккалиятхое низ вучуд доранд ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазхаб медонанд ки ин акида махз хатоӣба шумор меравад. Ин маънои онро дорад ки то ханӯз доир ба фахмиш ва дарки дурусти мохияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ проблемҳо ҷой доранд.

Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшахои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд ба монанди собиқ роҳбари ХНИ ки натиҷаи он дар давлатҳои ҷанг рафтаистодаи Сурияи Араб, Ироқ шаҳрвандон бевосита иштирок менамоянд ҳалок шудаанд. Дар шароити хуби имрӯзаи рӯзафзун авзои сиесии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти бо суръати он тарафи вусъат ефтани низоҳои байнимазҳабӣ ва арзӣ ҷиноятҳои мутташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандон аҳамияти бағоят муҳимро касб менамояд. Аз ин ҷост ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бидонад ки дар солхои мудхиши 1992-1995  миллати точик дар марзҳои Афғонистон масъулияти мубориза зидди хунсардӣ ва бебодигариҳои диниро ба дӯши худ гирифта ба ивазикурбонихои чонӣ ва хисороти бузурги иктисодию молиявӣнагузошт ки дар Тоҷикистон нерӯҳои ифротгароии динӣ ва дигар давлатхои осиегии аъзои ИДМ мавқеи рохбарии худро дошта бошанд.аз ин чост ки Ҷумҳурии мо яке аз кишварҳои камшуморест ки муқобили ин қабил озмоишҳои рақобатпазирӣ истодагарӣ ва пирӯз шуданро макоми худ кардааст фаъолиятҳои зиёдаравии динӣ ғарбарошуда корвони худро аз мамлакатҳои Шарқ ба ҷойҳои наздиктари мамлакатҳои Ғарб интиқол додаанд ки холо бо номи созмони ифротгароию террорисии ДИИШ дар либоси сиёҳи дӯстдорони дини ислом корхои душманони онро бароварда хайр карда истодааст. Вале ин падидаи бад на танхо пайванди худро ба манзилҳои харобкардаи худ канданӣ нест балки монанди тори тортанак нияти реша давондан дар тамоми оламро пешаи худ кардааст. Яке аз ин гуна озмоишхои онхо моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон буд ки онро ба хадафи нопоки худ кашиданӣ буданд. Овози баланди мардуми мо “ Ман Ватанамро беш аз харвакта дорам дӯсттар”- пирӯзии комили мардуми тоҷикро таъмин намуд. Ин гурӯҳи нотавонбини аз оламу одам норозӣ  хамавакт будан мемонанд ва ғаразхои нопоки онхоро сарфи назар карданӣ намешаванд. Ҳамаи намудҳои фаъолияти ХНИ-ро ба назар гирифта 22-декабри соли 2015 бо қарори Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди ҷумҳурӣ қатъ гардонида шуд. Вазъияти ногувори амният дар ҷаҳон фаъолиятхои гурӯхи ифротгароию терористӣ такозо менамояд ки мо сади роҳи амалӣ шудани ниятхои онхо шавем ва хамеша дар корхои ободонию созандагӣ ва рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми худро гузорем. Дар шароити ҳозира маркази исломшиноси дар назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун маркази илмии таҳлилӣ бо масъулияти калон ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худро иҷро карда истодааст.

 

Муродҷон Неъматов,

 мудири шуъбаи ҷавонони ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *