ТТЭ ҲНИ ВА ДУМРАВАШ МУТААССИБУ БЕХИРАДАНД!

Пӯшида нест, ки имрӯзҳо  душманони миллати тоҷик, аз ҷумла  раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ ва думраваш “Гуруҳи 24” аз хориҷа истода бо ҳар роҳу восита, бахусус тариқи телевизонҳои моҳворавӣ ва шабакаҳои интернетӣ мехоҳанд сиёсати пешгирифтаи кишвари соҳибистиқлоламонро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқод қарор медиҳанд.

Роҳбарият ва аъзоёну думравони ТТЭ ҲНИ бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда мардумро ба чолиш кашанд.  Бояд ёдовар шуд, ки  бо чунин гуфтору рафтор солҳои 90-уми асри гузашта, боиси шуруъи ҷанги шаҳрвандӣ гардида, Ватанро ба ҷои обод кардан ба вайрона табдил доданд ва боиси марги ҳазорон ҳазор мардуми бегуноҳ шуданд. Воќеан имрӯз низ ТТЭ ҲНИ аз қабили чунин ниҳодҳои тундраве мебошанд, ки омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Онҳоро ҳақиқати таърих, ҳаводиси зиёди айём ва пайомади амалиёти бисёр ҳаммаслаконаш ҳеҷ дарси ибрат намешавад, гӯё чашми бино, гӯши шунаво надоранд, сахт мутаассибу бехираданд.Донистан намехоҳанд, ки бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад. Зеро мақсади рохбарияту ҳаммаслак ва думраввони ТТЭ ҲНИ  хиёнат ба миллату давлат аст!

Хулосаи матлаб ин ки дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, бахусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатие, ки дини мубини Исломро бо терроризм айният медиҳанд, худдорӣ намоянд.

Дар фарҷоми андешаи хеш хотиррасон бояд кард, ки ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа мебошад.

Р. АНВАРӢ,

ассистенти кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *